ЛАВАНДАЗОР БА ДАРАҶАИ БРЕНД БАРОМАД

Деҳаи Чоркесари ноҳияи Поп яке аз минтақаҳои зебоманзар ба шумор меравад. Ин макон, ки дар доманаи кӯҳҳои санглох ҷойгир аст, ором, тоза ва бениҳоят зебост. Дар ин ҷо мардум асосан бо парвариши чорвою парранда машғуланд. Мувофиқи рушду ривоҷи замон минтақа дар асоси лоиҳаҳои бузурги иқтисодӣ ташаккул меёбад.

Ҳавои минтақа на танҳо тоза, балки пур аз бӯйи меҳнат, орзу ва рӯҳияи эҷод аст. Ҳангоми сайругашт дар байни майдонҳои лаванда инсон метавонад дар ҳамоҳангӣ бо табиат ба  натиҷаҳои бузург ноил гардад.

Ба Чоркесар равед, мебинед, ки имрӯз дар он ҷо ҳаёт тамоман дигар шудааст. Пештар нишебиҳои кӯҳии Чоркесар заминҳои камҳосил ҳисоб мешуданд ва имрӯз ба плантатсияҳои серҳосил табдил ёфтаанд, ки дар он ҷо технологияҳои замонавии кишоварзӣ ҷорӣ карда шудаанд. Зиёда аз 20 намуди растаниҳои шифобахш парвариш карда мешаванд. Ҳар як растаниро дар асоси илмӣ парвариш намуда, ба нигоҳ доштани хосиятҳои шифобахши он то ҳадди имкон эътибори махсус дода мешавад.

Майдонҳои лаванда ба ин минтақа зебоии беназир мебахшад. Ин гулҳо, ки дар масоҳати васеъ баробар мешукуфанд, на танҳо чашмро шод мегардонанд, балки фоидаи зиёди иқтисодӣ низ доранд. Ин лоиҳаи бузург аз ҷониби ҶММ «Меҳригиёҳ» амалӣ карда шудааст. Бо сармоягузории қариб 40 миллион доллар растаниҳои шифобахш дар майдони, беш аз 500 гектар парвариш ва коркард шудаанд. Имрӯз ин маскан на танҳо ба маркази истеҳсолот, балки ба мактаби пешрафтаи таҷрибавӣ низ табдил ёфтааст.

– Айни замон дар 100 гектар замин зиёда аз 1 миллион ниҳол шинонда шудааст, ки метавонанд то 50 сол мева диҳанд, – мегӯяд роҳбари ширкат Ҷӯрақӯзӣ Мамасодиқов. – Соле ду маротиба – моҳҳои июн ва сентябр ҳосил меғундорем. Ин ба афзоиши ҳаҷми истеҳсолот мусоидат мекунад. Аз парвариш намудани лаванда мақсади асосӣ ин аст, ки истеҳсоли маҳсулот табиӣ ва органикӣ мебошад. Аз ин доруҳои табиӣ тайёр намуда, дар клиникаҳо низ истифода мебаранд. Аз гулҳои растанӣ болиштҳои махсус месозем. Бӯйи онҳо инсонро ором намуда, хобро беҳтар мекунад. Инчунин, аз гулҳои лаванда чой  истеҳсол мекунем ва ин маҳсулотро ба Арабистони Саудӣ, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ, Русия, Чин ва Қазоқистон содир мекунем. Ба ин маҳсулотамон имрӯз дар саросари ҷаҳон торафт талабот афзоиш меёбад. Ин маънои онро дорад, ки истеҳсолкунандагони маҳаллӣ дар бозори байналмилалӣ мавқеи худро пайдо мекунанд. Муҳимтар аз ҳама, тавассути ин лоиҳа на танҳо маҳсулот, балки  имиҷи кишвар низ содир карда мешавад.

Имрӯз дар корхона беш аз 100 нафар мардуми маҳаллӣ бо ҷойҳои кории доимӣ таъмин карда шудааст. Барои рафтуомади кормандон ба кор  техникаи махсус ҷудо ва ду маҳал хӯроки гарм ташкил карда шудааст. Кормандон аз 4,5 миллион то 6 миллион сӯм музди меҳнат мегиранд. Кӯшиш мекунем, ки сатҳи зиндагии онҳоро беҳтар созем.

Мувофиқи анъана ҳар сол вақте ки буттаҳои лаванда мешукуфанду атроф ба гулзор табдил меёбад, дар ин ҷо «Фестивали лаванда» баргузор мешавад. Ин ба фестивали «Иди гул» ҳамоҳанг буда, на танҳо сокинони маҳаллӣ, балки ҳазорон сайёҳони хориҷӣ низ иштирок мекунанд. Аз Олмон ва Кореяи Ҷанубӣ махсусан одамони зиёде меоянд.

Дарҳақиқат, дар ин манзараи одии деҳот эҳтиром ба табиат, садоқат ба кор ва хоҳиши навоварӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд. Ин ҳамоҳангӣ пойдевори мустаҳкамтарини рушд аст. Дар паси ҳар як гули лаванда меҳнати инсон, имон ва орзуҳои бузург ниҳон аст.

Таҷрибаи бузурги чоркесариён бешубҳа барои дигарон низ манбаи илҳом хоҳад шуд. Зеро бобокалонҳо беҳуда нагуфтаанд: «Агар заминро дӯст дошта, нигоҳубин кунӣ, ӯ ба ту баракот мебахшад».

 

Шоҳида ДАМИНОВА,
мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: