Дар Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро вохӯрии муҳиме доир гардид, ки ба рушди зеҳни сунъӣ ва густариши ҳамкориҳои илмӣ бахшида шуд.
Дар доираи ин сафар Владимир Норов, раиси Ассотсиатсияи зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ, аз донишгоҳ боздид намуда, бо лоиҳаҳои амалишаванда дар самти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ шинос гардид.
Меҳмонон бо лоиҳаи таваққуфгоҳи интеллектуалии «Энергия-Автопаркинг», озмоишгоҳи дар ҳоли таъсиси «Зеҳни сунъӣ» ва дигар таҳияҳои инноватсионии донишгоҳ аз наздик ошно шуданд.
Ҳамчунин, зимни мулоқот бо ректори донишгоҳ Садоқат Сиддиқова масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардиданд. Дар натиҷа байни Ассотсиатсияи зеҳни сунъии Осиёи Марказӣ ва Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар маркази IT-и донишгоҳ инчунин ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмунҳо дар самтҳои «Зеҳни сунъӣ» ва «Амнияти киберӣ» қадрдонӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки ин мулоқот қадами муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир ва дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ ба ҳисоб меравад.