NASA барои наҷоти телескопи кайҳонии Swift робот мефиристад

Телескопи Swift, ки солҳо асрори Коинотро ошкор мекард, имрӯз худ ба кӯмак ниёз дорад.

Ҳадаф – наҷоти телескопи мадории Swift мебошад, ки тадриҷан баландии худро аз даст дода, хатари ворид шудан ба атмосфераи Заминро дорад.
Барои иҷрои ин рисолат стартапи амрикоии Katalyst Space Technologies роботи худкори Link-ро таҳия кардааст. Робот бояд телескопро дар мадор пайдо карда, бо дастгоҳҳои механикӣ онро гирифта, аз баландии 360 километр то 600 километр боло барад.
Телескопи Swift аз соли 2004 фаъол буда, таркишҳои пуриқтидори гамма дар Коинотро мушоҳида мекунад. Бо сабаби фаъолшавии Офтоб ва густариши атмосфераи Замин, мадори он босуръат паст шуда истодааст.
Агар амалиёт бомуваффақият анҷом ёбад, Swift метавонад аллакай моҳи сентябр кори илмии худро аз сар гирад ва ҳамроҳ бо телескопҳои дигар таҳқиқоти кайҳониро идома диҳад.
Дар NASA ин рисолатро қадами муҳим барои таъмир ва дароз кардани муҳлати хизмати дастгоҳҳои кайҳонӣ арзёбӣ мекунанд. Дар оянда чунин технология метавонад барои наҷоти телескопи Hubble низ истифода шавад.

Манбаъ: Associated Press (AP), Kazinform

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: