Чаро мо бештар мехӯрем? Асрори пурхӯрӣ дар ҷаҳони муосир

Қадаҳҳои бузурги нӯшокиҳои газдор, бургерҳои калонтар, табақҳои пур аз хӯрок — дар давоми ним асри охир дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ҳаҷми ғизо ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ҳамзамон бо ин, шумораи одамони гирифтори фарбеҳӣ низ бештар шудааст.

Аммо дар шароите, ки саноати озуқаворӣ пайваста бо навъҳои гуногуни шириниҳо ва хӯрокҳои ҷолиб одамонро васваса мекунад, чӣ гуна метавон тарзи ҳаёти солимро нигоҳ дошт ва аз пурхӯрӣ ҷилавгирӣ кард?
Ин тамоюл махсусан дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бештар ба назар мерасад. Аз солҳои 1980-ум сар карда, бо густариши фарҳанги тарабхонаҳо ва афзоиши рақобат миёни онҳо, ҳаҷми таомҳо низ калонтар шуд.
«Агар як тарабхона макаронро дар миқдори кам пешниҳод кунад, вале тарабхонаи дигар ҳамон хӯрокро бо ҳаҷми бештар пешкаш намояд, одамон одатан ба тарабхонае мераванд, ки порсияи калонтар медиҳад», — мегӯяд профессори Донишгоҳи Ню-Йорк, доктор Лиза Янг, дар суҳбат бо барномаи The Food Chain-и BBC.
«Ғизо хеле арзон буд. Вақте таом арзон аст, истеҳсолкунанда метавонад ба шумо ду баробар бештар хӯрок диҳад ва танҳо каме пули иловагӣ талаб кунад. Шумо фикр мекунед, ки хариди хубе анҷом додед, аммо дар асл онҳо фоидаи бештар ба даст меоранд», — шарҳ медиҳад ӯ.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: