Дар ҳошияи «Бо чашми дил»

«Аз нек боғ мемонад» – мегӯянд. Оне, ки дили пур аз меҳру инсонгарӣ дораду дунёро бо чашми хирад мебинад, албатта, амали неку кори хайрро пеша мекунад. Бо шоир Нормурод Каримзода як-ду маротиба вохӯрдаам. Афсус, ки суҳбате надоштем. Ба қарибӣ китоби шоир «Бо чашми дил» дастрасам гардиду бо майли тамом хонда баромадам. Рости гап, аз муаллиф хеле миннатдору хурсанд гаштам. Кори савобу хайреро анҷом додаанд.

Порчаҳои шеърие, ки ба сулолаи Гулханиҳо бахшидаанд, писандам омад. Ҳар сол шеъри «Дунё гузарон асту ҳамин мемонад»-и Гулханиро бо шогирдон бо шавқ мутолиа мекардем ва ҳам шогирдон ҳифз менамуданд. Зеро мазмуни шеър баланду оҳанги хониши хубе дошт. Муаллиф низ аз ин шеър илҳом гирифта бо ҳамин радиф шеъри баланде гуфтаанду масъулиятро хуб дарк намудаанд. Зеро ин шеър низ бо маҳорати баланду назари шоирона эҷод шудааст. Мисраи сеюми ҳар банд дар ҳарду шеър пандест, ҳикматест ва даъватест ба накӯкорӣ. Мехоҳанд боғеро сабзонанд, ки меваи он некист. Мехоҳанд, ки ин мисраъҳо сармашқи ҳаёти ману шумо бошанд. Табиист, ки муаллиф мехоҳад некӣ пойдор ва сулҳу осоиштагӣ ҳукмрон бошад.

Дигар паҳлӯи ҷолиби китоб дар он аст, ки муаллиф оиди пайвандҳои хешутаборӣ якояк шеърҳои пур аз муҳаббати самимӣ овардаанд. Ин чакидаҳо метавонанд баҳри боз ҳам қавитар гаштани риштаҳои хешовандӣ хидмат кунанд. Ба фикрам, то ҳол шоире хешовандонро ин қадар бо пуррагӣ васф накардааст. Ин иқдом боиси таҳсину дастгирист. Пас аз хониши ин гуна шеърҳо меҳратон нисбати пайвандон меафзояд. Шеъри «Набера» бо меҳри хосса гуфта шудааст ва ба фикрам ба оҳанги мусиқӣ хуб меафтад. Хонанда хоҳ-нохоҳ ҳамфикри муаллиф мегардад.

Шеъри «Субҳи васлам медамад...», ки радифи «шумо»-ро соҳиб аст, то ҷое бо як шеъри Устод Айнӣ шабоҳат дорад. Шеъре, ки бо радифи «ин ҷост» гуфта шудааст, бо шеъри Зебунисо ҳамоҳанг буда, дар хониши он як ҳусну зебоие ниҳон аст. Аз мутолиаву хониши китоб роҳат намудам. Он маълумотҳое, ки дар китоби дарсӣ оварда шудаанд, маълумоти ночизе мебошанд. Пас аз мутолиаи ин китоб, чи хеле, ки дар оғози он оварда шудааст, бо ҳаёти Ориф Гулханӣ аз наздик ошно мегардед ва оиди ҳаёти пайвандони шоир маълумоти муфидро соҳиб мешавед.

Хулоса, аз хондани ин китоб ҳар шахс роҳат мебарад. Пас, пайдо кунеду хонед. Бо иншои ин китоб шоир Нормурод Каримзода хидмати арзандае намудаанд ва он аз ниҳолҳои боғест, ки касро ба некандешиву накӯкорӣ моил месозад. Соҳибсухан мефармояд:

Рав некӣ кун, ки даҳр некӣ донад,

Ӯ некиро зи некӯвон настонад,

Ин мол зи ҳама монд, зи ту ҳам хоҳад монд

Он беҳ, ки ба ҷойи мол некӣ монад.

Сулаймон Содиқ,
омӯзгори мактаби рақами 9-уми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: