Қарзҳои мушкилдор дар Ӯзбекистон 1,7 триллион сӯм афзоиш ёфтанд

Бо вуҷуди афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ дар низоми бонкии Ӯзбекистон, зиёд шудани қарзҳои мушкилдор (NPL) ҳамоно яке аз масъалаҳои асосӣ боқӣ мемонад.

Тибқи маълумоти Бонки марказӣ, то 1 июни соли 2026 ҳаҷми умумии портфели қарзии бонкҳои тиҷоратӣ ба 636 триллион сӯм расидааст. Ин нишон медиҳад, ки аз аввали сол ҳаҷми қарзҳо қариб 32 триллион сӯм ё 5,3 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, ҳаҷми қарзҳои мушкилдор низ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар дар аввали сол ин нишондиҳанда 18,1 триллион сӯмро ташкил медод, то 1 июн он ба 23,6 триллион сӯм расидааст. Дар натиҷа, саҳми қарзҳои мушкилдор дар низоми бонкӣ аз 3,0 фоиз то 3,7 фоиз боло рафтааст.
Афзоиши назаррас бештар дар моҳи май ба қайд гирифта шуд. Танҳо дар давоми як моҳ ҳаҷми қарзҳои мушкилдор аз 21,9 триллион сӯм ба 23,6 триллион сӯм расида, 1,7 триллион сӯм зиёд шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар бонкҳои дорои саҳми давлатӣ ҳаҷми қарзҳои мушкилдор аз 12,8 триллион сӯм дар аввали сол то 16,7 триллион сӯм афзоиш ёфтааст. Сатҳи қарзҳои ноқис дар ин гурӯҳи бонкҳо низ аз 3,2 фоиз то 4,0 фоиз баланд шудааст.
Дар бонкҳои хусусӣ ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ низ чунин тамоюл мушоҳида мегардад. Дар ин муассисаҳо ҳаҷми қарзҳои мушкилдор аз 5,2 триллион сӯм то 6,9 триллион сӯм расида, сатҳи онҳо аз 2,6 фоиз то 3,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Коршиносон таъкид мекунанд, ки гарчанде афзоиши ҳаҷми қарздиҳӣ нишонаи рушди фаъолияти иқтисодӣ мебошад, зиёд шудани ҳиссаи қарзҳои мушкилдор аз бонкҳо тақозо мекунад, ки идоракунии хавфҳои қарзӣ, интизоми пардохти қарзгирандагон ва сифати портфели қарзии худро боз ҳам тақвият бахшанд.

Ш. Маматуропов, ӮзА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: