Индекси ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон: Ӯзбекистон дар ҷойи чандум қарор дорад?

Шохис(индекс)-и нави ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон, ки вазъи кӯдаконро дар 194 кишвар арзёбӣ мекунад, нашр шуд.

Ӯзбекистон дар Шохиси нави ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон (KidsRights Index) дар байни 194 кишвар бо ҷамъоварии 0,679 хол ҷойи 96-умро ишғол кардааст. Ин радабандӣ ҳамасола аз ҷониби бунёди ҳоландии “KidsRights” дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Эразм нашр шуда, кишварҳои иштирокдори Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдакро аз рӯи панҷ меъёр – зиндамонӣ, тандурустӣ, таълим, ҳифз ва муҳити мусоид арзёбӣ мекунад.
Дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ беҳтарин натиҷаро Қазоқистон бо ҷойи 24-ум нишон додааст. Туркманистон дар ҷойи 75-ум, Қирғизистон – 82-юм, Тоҷикистон – 92-юм ва Ӯзбекистон – 96-ум қарор гирифтаанд.
Дар ҳаин ҳол, Афғонистон сеюмин сол пайиҳам дар ин раддабандӣ мақоми охирин – 194-умро ишғол кардааст. Ин кишвар аз 1 холи имконпазир ҳамагӣ 0,214 хол гирифта, ҳатто аз Чад ва Гвинея низ ақиб мондааст.
Дар раддабандии соли 2026 Люксембург бо 0,871 хол мақоми аввалро касб кардааст. Исландия (0,867) дар ҷойи дуюм қарор гирифта, Монако ва Олмон (ҳар кадом 0,866) ҷойи сеюмро тақсим кардаанд.
Русия дар ҷойи 151-ум, Чин – 81-ум ва Украина – 36-ум қарор гирифтаанд. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба раддабандӣ шомил нашудааст. Ин кишвар Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдакро имзо кардааст, аммо онро то ҳол тасвиб накардааст.
Шохиси ҷаҳонии ҳуқуқи кӯдакон аз соли 2013 нашр мешавад ва ягона раддабандии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконро бар асоси маълумоти омории қобили муқоиса арзёбӣ мекунад.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: