Имрӯз ҷавонон ба чӣ ниёз доранд? Онҳо чӣ мехоҳанд?
Фикр мекунам, барои нишон додани иқтидору истеъдоди худ, ба онҳо пеш аз ҳама, имкониятҳои воқеӣ, донишҳои замонавӣ ва эътимоди мустаҳкам ба оянда лозим аст. Онҳо мехоҳанд, ки фикру мулоҳизаҳояшон шунида шаванд, ташаббусҳояшон дастгирӣ ёбанд ва дар қабули қарорҳое, ки бевосита ба тақдири насли ҷавон марбутанд, мустақимона иштирок намоянд.
Парлумони ҷавонони назди Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис маҳз ифодаи амалии ҳамин талошҳо буда, чун неруи ягона орзуву умедҳои миллионҳо ҳамсолони моро ба сатҳи қонунофарӣ мебарорад.
Алҳол масъалаи ҷавонон ва таъмини ояндаи дурахшони онҳо ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Дар ин самт Стратегияи «Ҷавонони Ӯзбекистони Нав – 2030» низ ҷиҳати баланд бардоштани самарадории ислоҳот дар самти таъмини шуғл, рушди соҳибкорӣ ва ташкили низоми босифати таълим имкониятҳои бузург фароҳам меорад. Бахусус, натиҷаҳое, ки дар самти таъмини иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳамзамон, дар равандҳои сиёсӣ ба даст омадаанд, дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд.
Бояд гуфт, ки Парлумони ҷавонон дар баланд бардоштани мавқеи ҷавонон дар арсаи сиёсӣ ва таҳкими дониши онҳо дар соҳаи қонунгузорӣ, вазифаи мактаби ба худ хосро иҷро мекунад. Имрӯз ин сохтор ба неруи воқеие табдил ёфтааст, ки фаъолнокии ҳуқуқии ҷавононро афзун намуда, онҳоро ба идоракунии сиёсӣ ва давлатӣ омода месозад. Фаъолияти аъзои Парлумони ҷавонон низ ба ҳаёти сиёсии кишвар рӯҳу неру ва суръати тоза мебахшад. Онҳо дар муҳокимаи лоиҳаҳои санадҳои қонунии марбут ба ҷавонон бевосита иштирок намуда, пешниҳодҳои ҳамсолони худро ба меъёрҳои қонунгузорӣ ворид мекунанд.
Фаъолияти парламентчиёни ҷавон танҳо бо пойтахт маҳдуд нагардида, балки дурдасттарин деҳаву маҳаллаҳоро низ фаро мегирад. Мо масъалаҳои нигаронкунандаи ҳамсолони худро, ки дар минтақаҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, шунида, онҳоро ба мақомоти иҷроия ва минбари парлумон мерасонем.
Ин раванд ба ҳалли бонизоми бисёр мушкилот мусоидат мекунад. Ҳамзамон, корҳои тарғиботие, ки дар маҳалҳо гузаронида мешаванд, барои баланд бардоштани саводи ҳуқуқии ҷавонон ва ташаккули ҳисси масъулияту ҳамбастагӣ дар онҳо нисбат ба дигаргуниҳои таърихие, ки дар кишварамон ҷараён доранд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Боиси эътироф аст, ки ин талошҳо дар арсаи байналмилалӣ низ арзёбӣ мегарданд. Соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузории Конфронси ҷаҳонии аъзои парламентҳои ҷавонон дар назар аст, ки инро метавон ҳамчун яке аз дастовардҳои сиёсати давлатии ҷавонон дар Ӯзбекистон ва далели равшани болоравии нуфузи байналмилалии ҷавонони кишвар эътироф кард.
Мастурахон НАБИХОНОВА,
ҷоизадори медали “Келажак бунёдкори”, узви Парлумони ҷавонон.