Дар шаҳри Паттайяи Таиланд чемпионати Осиё оид ба гӯштин миёни варзишгарони синну соли U15 ва U20 оғоз гардид.
То имрӯз мусобиқаҳои гӯштини юнону румӣ байни наврасони то 15-сола ба анҷом расиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа, тими мунтахаби Ӯзбекистон соҳиби 3 медали тилло, 1 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардида, дар ҳисоби умумии даставӣ ҷойи аввалро соҳиб шуд.
Медалҳои тилло:
вазни то 38 кг — Абубакр Қурбонов;
вазни то 41 кг — Маҳмудҷон Аҳмадов;
вазни то 44 кг — Бобур Сайфуллоев.
Медали нуқра:
вазни то 68 кг — Руслан Овезмуратов.
Медалҳои биринҷӣ:
вазни то 48 кг — Мирислом Ғофуров;
вазни то 52 кг — Абдулазиз Хотамов;
вазни то 62 кг — Беҳрӯз Абдупаттоев;
вазни то 85 кг — Темур Уралов.