Ҷавонони фаъолу ташаббускор – неруи пешбарандаи мамлакат

Ҷавонон неруи пуриқтидор, бунёдкору созанда ва пешбарандаи ҳар як ҷомеа мебошанд. Ин аст, ки масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон мавриди таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат Шавкат Мирзиёев қарор дорад. Маҳз таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат ва бо мақсади тарбияи шоистаи наслҳои ҷавон, аз дастовардҳои илмиву техникӣ бархурдор намудани онҳо, рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, фароҳам овардани шароити зарурӣ барои камолоти ҳамаҷонибаи наврасон чорабиниҳои судманд амалӣ мегарданд.

Бо мақсади ошноии бештар бо корҳое, ки дар ин самт иҷро мешаванд, бо директори Агентии корҳои ҷавонон Алишер Саъдуллоев суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши муштариён менамоем.

– Хуб медонем, ки солҳои охир бо мақсади дастгирии ҷавонон, кашфи истеъдодҳои нав ва ҳавасмандгардонии наврасони боиқтидор як қатор қонун ва фармонҳо қабул гардиданд. Алҳол бо мақсади таъмини иҷрои онҳо аз ҷониби Агентии корҳои ҷавонон низ як қатор лоиҳа ва ташаббусҳои созанда, чун «Мутолаа», «Ибрат фарзандлари», “Олимпиадаи панҷ ташаббус” ва амсоли ин амалӣ мешаванд. Дар мавриди иштироки ҷавонон дар ин лоиҳаҳо маълумот медодед.

– Ислоҳоте, ки дар мамлакат бо мақсади дастгирии ҷавонон амалӣ мешаванд, як хусусияти асосӣ доранд: онҳо на чун ташаббусҳои ҷудогона, балки мисли низоми ягона татбиқ мешаванд. Дар партави фармон ва қарорҳое, ки аз ҷониби Сарвари давлат имзо гардиданд, барои донишандӯзӣ, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ, китобхонӣ ва фаъолнокии иҷтимоии ҷавонон механизмҳои босамари дастгирӣ роҳандозӣ шуданд.

Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифати ҷавонон як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардида, ҳоло натиҷаҳои назаррас медиҳанд. Масалан, дар доираи лоиҳаи «Мутолаа» шумораи ҷавонони китобхон аз 5 236 нафар дар соли 2023 то ба 4 миллиону 225 ҳазору 908 нафар дар соли 2026 афзуд. Дар се сол 807 баробар зиёд гардид.

Ҳамчунин, шумораи ҷавононе, ки тавассути лоиҳаи «Ибрат фарзандлари» забонҳои хориҷиро меомӯзанд, аз 19 360 нафар (с.2022) то ба 3 миллиону 336 ҳазору 234 нафар (с.2026) расид. Яъне, беш аз 172 баробар афзуд. Илова бар ин, теъдоди ҷавононе, ки тавассути лоиҳаи “Ustoz AI” касбҳои муосирро меомӯзанд, аз 1 миллиону 116 ҳазор нафар гузашт. Шумораи иштирокдорони озмуни «Китобхони ҷавон» низ аз 247 ҳазор нафар ба 5 миллион нафар расид.

Бо такя ба ин рақамҳо метавон гуфт, ки имкониятҳои барои ҷавонон фароҳамшуда натиҷаи хуб медиҳанд ва талаб ба онҳо низ пайваста меафзояд. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз ҷавонон на танҳо аз ҷониби давлат дастгирӣ меёбанд, балки худ низ аз имкониятҳо фаъол истифода намуда, донишу иқтидори худро такмил медиҳанд.

– Аз ҷониби Агентӣ бо мақсади таҳкими равобит бо падару модарон, маҳаллаҳо ва сохтори таълим, ҳамзамон, барои роҳнамоӣ ба касбу маърифат боз чӣ гуна лоиҳаҳо амалӣ мешаванд? Ин лоиҳаҳо чӣ миқдор ҷавононро фаро гирифтаанд?

– Бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон танҳо вазифаи як идора ё ташкилот нест. Бинобар ин, мо ба масъалаи ташкили кори бонизому пайгирона бо оила, маҳалла, муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти давлатӣ диққати махсус медиҳем. Маҳз дар заминаи чунин корбарӣ, алҳол лоиҳаҳои мо дар самти таълим, роҳнамоӣ ба касб ва маърифат миллионҳо нафар ҷавононро фаро гирифтаанд. Натиҷаҳо дар самти маърифат низ шоёни таҳсинанд. Масалан, дар муҳлати начандон тӯлонӣ теъдоди аъзои клуби зеҳнии «Заковат» аз 300 ҳазор афзуд.

Лоиҳаи «Академияи духтарон», ки бо мақсади дастгирии таҳсил ва рушди шахсии духтарон амалӣ мешавад, алҳол 968 ҳазору 850 нафар духтаронро фаро гирифтааст. Илова бар ин, барои 67 249 нафар ҷавонон хароҷоти гирифтани сертификатҳои байналмилалии забони хориҷӣ ҷуброн карда шудааст.

Бо як сухан, лоиҳаҳои агентӣ дар самти таълим, роҳнамоӣ ба касб ва маърифат дигар танҳо ба гурӯҳҳои алоҳида мутааллиқ нестанд. Онҳо ба низоме табдил ёфтаанд, ки миллионҳо нафарро фаро мегиранд. Муҳимтар аз ҳама, ин лоиҳаҳо барои азбарнамоии дониши нав, омӯзиши касбҳои замонавӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон мусоидат менамоянд.

– Ҳоло теъдоди зиёди ҷавонони мо дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсил мегиранд. Алҳол Агентии корҳои ҷавонон бо ин донишҷӯён, умуман гирем, бо ҷавонони муҳоҷир чӣ гуна робита дорад?

– Таҳкими равобит бо ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд ё дар арсаи байналмилалӣ фаъолият доранд, яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо ба шумор меравад. Мо бо ин гурӯҳи ҷавонон мунтазам мулоқотҳои кушод гузаронида, мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳоро мешунавем.

Аз ҷумла, солҳои охир дар доираи конфронсҳои СММ, ҳамчунин зимни сафарҳо ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо даҳҳо ҷавони ӯзбекистонӣ, ки дар он ҷо таҳсил ва фаъолият мекунанд, вохӯриҳо баргузор гардиданд. Илова бар ин, бо ҷоизадорони стипендияи Бунёди «Эл-юрт умиди» низ муколамаи доимӣ роҳандозӣ шудааст. Муҳимтар аз ҳама, ба масъалаи бо ҷойи кори муносиб таъмин намудани ин гурӯҳи ҷавонон дар Ватан диққати махсус дода мешавад.

Ғайр аз ин, бо ҷавононе, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷ рафтаанд, корбарии сохторӣ роҳандозӣ шудааст. Сардорони ҷавонони маҳаллаҳо бо онҳо пайваста дар иртибот буда, дар ҳолати зарурӣ барои ҳалли мушкилоташон кумак мерасонанд. Барои бо ҷойи кори муносиб ва сердаромад таъмин намудани ҷавононе, ки ба Ватан бармегарданд, чораҳои зарурӣ меандешанд. Ин яке аз вазифаҳои муҳимтарини сардорони ҷавонон ба ҳисоб меравад ва корҳо дар ин самт пайгирона идома доранд.

Ҳамзамон, дар самти рушди соҳибкории ҷавонон натиҷаҳои шоёни таҳсин ба даст омадаанд. Алҳол шумораи соҳибкорони ҷавони мамлакат ба 142 454 нафар расидааст. Ғайр аз ин, тӯли чанд соли охир Ӯзбекистон дар экосистемаи ҷаҳонии стартапҳо низ мавқеи худро мустаҳкам кард. Соли 2023 кишвари мо дар мақоми 111-ум қарор дошт ва соли ҷорӣ ба ҷойи 79-ум баромада, аз рӯи суръати рушди стартапҳо ҳамчун «Кишвари сол» эътироф гардид.

Дар маҷмӯъ, ба рушди кишвар равона намудани иқтидори ҷавононе, ки дар хориҷ таҳсил мекунанд ё таҷрибаи байналмилалӣ меандӯзанд, инчунин, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббус ва донишҳои муосири онҳо, аз ҳадафҳои асосии агентӣ мебошад.

– Имрӯз масъала ва мушкилоти ҷавонони минтақаҳои дурдаст, аз ҷумла деҳаҳо дар чӣ ҳад ҳал мешаванд? Мақомоти давлатӣ ҷиҳати омӯхтани ниёз, мушкилот ва пешниҳодҳои ҷавонони деҳот чӣ гуна кор мебаранд ва чӣ хел роҳҳои ҳалро дармеёбанд?

– Алҳол тамоюли асосии кор бо ҷавонон на арзёбии умумии мушкилоти онҳо, балки корбарии мақсаднок бо назардошти ниёзҳои ҳар як минтақа ва ҳар як ҷавон мебошад. Аз ин рӯ, масъалаҳои таъмини шуғли ҷавонони деҳот, таҳсил, касбомӯзӣ, соҳибкорӣ ва пурмазмун ташкил кардани вақти холии онҳо мавриди таваҷҷуҳи доимӣ қарор доранд.

Тавассути низомҳое, ки аз ҷониби давлат роҳандозӣ шудаанд, мушкилоту  эҳтиёҷоти наврасонро омӯхта, роҳҳои ҳал андешида мешаванд. Аз ҷумла, соли 2021 тавассути сохтори «Дафтари ҷавонон» ба 584 ҳазор нафар ҷавон ба маблағи 380,5 миллиард сӯм кумак расонида шуда буд. Дар соли 2026 бошад, ба 1,5 миллион нафар ҷавон 2 триллион сӯм кумак расондем. Яъне, дар ин муддат фарогирӣ 2,6 баробар афзуд.

– 30 июн – Рӯзи ҷавонон бо кадом натиҷаҳо дар хотир мемонад? Ин ҷашн то чӣ андоза дар сиёсати давлатии ҷавонон тағйироту дигаргуниҳои воқеиро ба вуҷуд овардааст?

– Алҳол Рӯзи ҷавонон на танҳо як ҷашн, балки санаи муҳиме мебошад, ки дар он натиҷаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ҷамъбаст ва дастовардҳо эътироф мешаванд. Имкониятҳои нави рушд муайян мегарданд.

Натиҷаҳое, ки солҳои охир ба даст омаданд, далели равшани ин гуфтаҳоянд. Бахусус, сатҳи фарогирии ҷавонон ба таҳсилоти олӣ аз 9 ба 44 фоиз расид. Шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз 77 ба 207 адад афзоиш ёфт. Шумораи медалҳое, ки ҷавонони мо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ ба даст овардаанд, аз 4 ба 210 адад расидааст.

Сиёсати давлатии Ӯзбекистон оид ба ҷавонон дар арсаи байналмилалӣ низ баланд арзёбӣ мешавад. Кишвари мо аз рӯйи татбиқи намунавии “Стратегияи ҷавонон – 2030”-и СММ дар қатори 10 давлати пешсафи ҷаҳон қарор дорад.

Шаҳрҳои Бухоро, Тошканд ва Хива мақоми Пойтахти байналмилалии ҷавононро сазовор гардиданд, ки ин низ ифодаи равшани эътирофи дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

Мусоҳиб Фаридуни ФАРҲОДЗОД,

мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: