Ракетаи бисёркаратаи чинӣ «Чжусюэ-3» (Zhuque-3) озмоишҳои оташфишонии худро дар шимолу ғарби Чин бомуваффақият анҷом дод.
Ин марҳилаи муҳим дар омодагӣ ба парвозҳои навбатӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин бора ширкати таҳиякунанда — LandSpace хабар додааст.
Ҳангоми озмоиш муҳаррикҳои ракета дар ҳолате ба кор дароварда шуданд, ки худи ракета ба майдони озмоишӣ маҳкам карда шуда буд. Ин усул имкон медиҳад, ки фаъолияти муҳаррикҳо, сатҳи эътимоднокӣ ва бехатарии онҳо мавриди санҷиш қарор гиранд. Озмоишҳо дар майдони инноватсионии тиҷоратии кайҳонии Дунфэн баргузор шуданд.
Ба иттилои ширкат, мутахассисон фаъолияти ракета, инфрасохтори заминии маҷмааи партоб ва мутобиқати онҳоро ҳамаҷониба санҷиданд. Ҳамаи системаҳо тибқи меъёр кор карда, натиҷаҳо ба ҳисобҳои пешакӣ пурра мувофиқат намуданд, ки аз ҳамоҳангии хуби таҷҳизот шаҳодат медиҳад.
Айни ҳол қисми асосии санҷишҳои заминӣ ба анҷом расидааст ва марҳилаи навбатӣ омодагӣ ба озмоишҳои парвозӣ хоҳад буд.
«Чжусюэ-3» ракетаи бисёркаратаест, ки бо сӯзишвории оксигени моеъ ва метан кор мекунад. Он барои ба мадор баровардани гурӯҳҳои бузурги моҳвораҳо пешбинӣ шудааст. Ракета бо низоми идоракунии самти қувваи кашиш, рулҳои аэродинамикии шабакавӣ ва пояҳои махсуси нишаст муҷаҳҳаз буда, ин имконият медиҳад, ки зинаи аввали он пас аз парвоз ба таври амудӣ фуруд омада, дубора истифода шавад.
Аввалин парвози «Чжусюэ-3» 3 декабри соли 2025 анҷом ёфта буд. Дар он парвоз зинаи дуюми ракета ба мадори муайяншуда бомуваффақият расид, аммо бозгардонидани зинаи аввал имконнопазир гардид. Ҳангоми поёнфароӣ дар он сӯхтори ғайримуқаррарӣ ба вуҷуд омад ва ба ҳамин сабаб фуруди нарм дар майдони нишаст анҷом дода нашуд.