Шумораи ҷавононе, ки дар Ӯзбекистон забонҳои хориҷиро хуб аз худ кардаанд, аз 650 ҳазор нафар гузаштааст.
Дар ин бора зимни мулоқоти Президент Шавкат Мирзиёев бо ҷавонон иттилоъ дода шуд.
Ба гуфтаи Президент, агар ҷавонон бо истифода аз забонҳои хориҷӣ дар бораи таърихи бой, фарҳанги ғанӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвар мундариҷаи ҷолиб таҳия кунанд, ин метавонад дар муаррифии Ӯзбекистон дар ҷаҳон саҳми калон гузошта, ҳамзамон манбаи даромади хуб гардад.
Бо ҳамин мақсад платформаи «Мундариҷаи рақамӣ» ба роҳ монда шудааст. Барои фаъолияти он ҳар сол 20 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Айни замон беш аз 150 ҳазор ҷавони кишвар дар хориҷ таҳсил мекунанд ё ба корҳои илмӣ машғуланд. Дар назар аст низоме таъсис дода шавад, ки аз донишу таҷрибаи ин ҷавонон барои рушди иқтидори сайёҳӣ ва содиротии кишвар самаранок истифода шавад.
Донишҷӯёни таҳсилкунанда дар хориҷ бозор, талабот ба молу хизматрасониҳо ва имкониятҳои тиҷоратиро дар кишварҳои иқоматашон меомӯзанд ва натиҷаҳои онро ба истеҳсолкунандагони ватанӣ пешниҳод мекунанд. Инчунин онҳо имкониятҳои сайёҳӣ, маҳсулоти маҳаллӣ ва иқтидори иқтисодии Ӯзбекистонро муаррифӣ хоҳанд кард.
Барои татбиқи чунин ташаббусҳо ба ҷавонон грантҳо ва дастгириҳои молиявӣ ҷудо карда мешаванд.