Аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнат ва стипендияҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ низ 7% зиёд карда мешаванд.
Мувофиқи Фармони Сарвари давлати мо № ПФ-115, аз 1 июли соли 2026 нафақа, кӯмакпулӣ, кӯмакпулиҳои кӯдакона ва пардохтҳои кӯмаки моддӣ ба оилаҳое, ки дар Феҳристи иҷтимоӣ қарор доранд, 7% зиёд карда шуданд.
Тибқи он, ҳадди ақали нафақаи синну сол 983 ҳазор сӯм ва ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ 1 миллиону 83 ҳазор сӯм муқаррар карда шудааст.
Кӯмакпулиҳои кӯдакона барои оилаҳое, ки дар Феҳристи иҷтимоӣ қарор доранд:
Барои як кӯдаки ноболиғ то 3-сола - 386 000 сӯм;
Барои як кӯдаки аз 3 то 18-сола - 295 000 сӯм;
Кӯмакпулии иловагӣ барои фарзанди дуюм дар оила - 177 000 сӯм;
барои ҳар як кӯдаки сеюм ва баъдӣ дар оила - 118 000 сӯм.
Ҳамчунин, маблағи кӯмаки молии ба оилаҳои ин категория додашаванда 450 000 сӯм муқаррар шудааст.
Ғайр аз ин, аз 1 июли соли 2026 маблағи асосӣ барои ҳисоб кардани нафақа 504 000 сӯм муқаррар шудааст. Тибқи фармон, аз 1 сентябри соли 2026 музди меҳнат ва стипендияҳои кормандони ташкилотҳои буҷетӣ низ 7% зиёд карда мешаванд.