Адиби маърифатпарвар Чӯлпон таъкид намудааст, ки «Агар адабиёт зинда бошад, миллат ҳам зинда мемонад. Миллате, ки адабиёташ намурдааст, аммо барои рушди он талош намекунад ва адибонро парвариш намесозад, дар ниҳоят рӯзе аз эҳсос, андеша ва тафаккур маҳрум гардида, оҳиста-оҳиста рӯ ба таназзул меорад.
Инро наметавон инкор кард». Вақте ин гуфтори арзишмандро мехонем, ба мулоҳиза хоҳем рафт, ки магар шоир бо чунин мулоҳиза дар навбати аввал ба омӯзгорони адабиёт муроҷиат накарда буд?! Пас мо чаро бепарвоем? Барои чӣ бетарафем?!
Гоҳо бо тақозои фаъолияти корӣ дар чорабиниҳои мактаб, мулоқотҳои эҷодӣ, нишастҳои фарҳангӣ иштирок менамоям. Баъзан дар раванди чунин вохӯриҳо аз омӯзгорони адабиёт суол мекунам, ки то чӣ андоза аз раванди адабии имрӯз огоҳанд ва осори кадом нависандагонро мутолиа мекунанд. Афсӯс, ки дар аксар маврид аз ҷавоби онҳо ангушти ҳайрат мегазам. Чунки алҳол теъдоди зиёди омӯзгорони адабиёт аз ҷараёнҳои адабии муосир бехабаранд. Ҳатто дар ин бора маълумоте надоранд. Дар раванди таълиму тадриси шогирдон танҳо бо китоби дарсӣ маҳдуд шудаанд. Ҳатто омӯзгороне ҳастанд, ки нависандагону шоирони халқиро намедонанд, аз осору ашъори онҳо огоҳ нестанд.
Ба худ меандешам, ки чунин эҷодкорон ҳеҷ гоҳ худ ба худ ин гуна мақому мартабаи баландро сазовор нашудаанд. Дар ин роҳ чӣ қадар меҳнат кардаву заҳмат мекашанд. Асарҳо меофаранд, роҳҳои пуршебу фарози эҷодро тай мекунанд... Ғайр аз ин, бисёре аз қаламбадастони имрӯза тавассути телевизион, радио, матбуот баромадҳо мекунанд. Аксари онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол ҳастанд. Пас чӣ гуна мумкин аст, ки ин ҳама хидмату фидокориву талошҳо аз назари омӯзгорон дур монад?
Дуруст, ки мутолиаи китоб дар ҳадде бо табъу хоҳиш вобаста аст. Албатта, касе наметавонад, ки дигареро ба китобхонӣ маҷбур кунад. Танҳо метавонем ба мутолиа даъват намоем.
Дар ҳамин маврид, барои амиқтар дарк намудани аҳамияти китобхонӣ баёни мулоҳизае аз адиб ва омӯзгори фаронсавӣ Эдуард Лабуле мувофиқи мақсад мебошад: «Мавқеъ ва мақоми ҳар як халқ дар сатҳи пешрафти умумӣ аз рӯи шумораи китобҳое, ки мардуми он хондаанд муайян мешавад». Агар моҳияти ин мулоҳизаро амиқтар таҳлил кунем, танҳо баъд мефаҳмем, ки саҳми мо, омӯзгорон дар оянда ва рушди ҷомеа то чӣ андоза муҳим аст.
Саволи барҳақ ба миён меояд: кӣ ҷавононро ба китобхонӣ даъват мекунад? Кӣ шавқи мутолиаро дар дили онҳо бедор месозад?
Худ мулоҳиза намоед: агар омӯзгор аз осори адибони маҳбубу маъруфи давр огоҳ набошад, чӣ гуна метавонад аз адабиёт дарс диҳад?
Борҳо шунидаам ва шоҳид шудаам, ки аксар омӯзгорон дар бораи иштироки худ дар курсҳои такмили ихтисос, омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ё раванди омодагиҳо ба аттестатсия бо шӯру шар ҳарф мезананд. Хуб, наход дар ин равандҳо дар бораи адабиёти муосир ва ҷараёни адабии имрӯз сухане намеравад?
Агар худ омӯзгори адабиёт бошему хонандагонро ба адабиёт шавқманду дилгарм карда натавонем, аз ҷараёнҳои адабӣ огоҳ набошем, моҳияти ин масоилро дарк накунем, пас чӣ гуна метавонем дарс гузарем?
Хуб, мо кай зери бори коғазу ҳисоботи барзиёд мондем? Кай ба ҳадде расидем, ки доираи фаъолияти худро бо китобҳои дарсӣ маҳдуд намоем? Чӣ боис шуд, ки аз мутолиаи беруназсинфӣ даст кашидем?
«Бидуни адабиёти бадеӣ на шахсият ва на миллат рушд карда метавонад. Инсоне, ки аз адабиёту санъат дур аст, ба мавҷуде табдил меёбад, ки танҳо дар ғами шикам умр ба сар мебарад. Танҳо мардуме, ки дорои зеҳни баланд ва эҳсоси қавиянд, қудратманд ва соҳибэҳтиром хоҳанд шуд», гуфтааст адабиётшиноси маъруф Қазоқбой Йӯлдошев.
Бисёр омӯзгорон ҳикояи машҳури «Муаллими адабиёт»-и Абдулло Қаҳҳорро хондаанд ва аз мазмуни он огоҳ ҳастанд. Гоҳ аз худ мепурсам: мо кай монанди қаҳрамони ин ҳикоя – «муаллими адабиёти нафис» Боқиҷон Бақоев шудем, ки бо истилоҳҳое чун «практикум, минимум, максимум; Детирдинг, Стендинг, Шеллинг, Меринг, Демпинг...» сари хонандагонро гиҷ мекунем? Ҷавоб аён: вақте худ намехонем, намедонем, боз чӣ ҳам мегуфтему чӣ хел дарс мегузаштем?
Дуруст, ки дар як мақолаи кӯтоҳ чандин саволро ба миён гузоштам. Ин бесабаб нест. Чунки ҳоло вақти он расидааст, то ба ин ҳама ҷавоб биёбем...
Чӣ бояд кард? Чӣ кор кунем омӯзгори адабиёт дубора ба китоб рӯ меорад, бо ҷараёни адабии имрӯз аз наздик шинос мешавад? Чӣ хел метавонем ин мушкилро ҳал намоем?
Умед дорем, ки омӯзгорони гиромии адабиёт дар ин бора мулоҳизаҳои худро ба рӯзнома менависанд ва мо якҷо роҳи ҳалли ин мушкилро меёбем.
Зулхумор РАШИДОВА,
омӯзгори забон ва адабиёти мактаби ихтисосонидашудаи рақами 7-уми
ноҳияи Ҷомбойи
вилояти Самарқанд.