Дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистонро дар Тошканд ботантана истиқбол гирифтанд

  • Дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистонро дар Тошканд ботантана истиқбол гирифтанд

Имрӯз дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ба номи Ислом Каримов маросими ботантанаи истиқболи дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон баргузор гардид, ки бори аввал дар таърихи худ дар чемпионати ҷаҳон иштирок намуд.

Дар ин маросим намояндагони Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, инчунин намояндаи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои варзиш Одил Абдураҳмонов, роҳбарони Вазорати варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, Кумитаи миллии паралимпӣ, Ассотсиатсияи футболи кишвар ва намояндагони сершумори ҷомеа ширкат варзиданд.
Нотиқон таъкид карданд, ки мунтахаби миллӣ бори аввал дар таърих дар чемпионати ҷаҳон ширкат намуда, бар зидди чунин рақибони пурқувват, чун Португалия, Колумбия ва Ҷумҳурии Демократии Конго бозии арзанда нишон дод. Ба гуфтаи онҳо, таҷрибаи дар ин мусобиқа андӯхташуда заминаи мустаҳкаме барои дастовардҳои минбаъдаи футболи миллӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин меҳмонони маросим ва намояндагони соҳаи фарҳанг ба футболбозон барои ҳимояи шарафи кишвар изҳори сипос намуда, ба онҳо дар Ҷоми Осиё, ки соли оянда баргузор мешавад, муваффақиятҳои боз ҳам бештар орзу карданд.
Дар навбати худ, капитани даста Элдор Шомуродов аз номи тамоми ҳайат ба ҳамаи онҳое, ки дар ҷараёни чемпионати ҷаҳон онҳоро дастгирӣ карданд, изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид кард, ки даста минбаъд низ тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад, то мухлисонро бо пирӯзиҳои дурахшон шод гардонад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: