Дар доираи чорабинии идонае, ки ба муносибати Рӯзи ҷавонон – 30 июн дар шаҳраки Олимпӣ баргузор гардид, аз ҷониби Дафтари дастгирии ташаббусҳои ҷавонон як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ ба Президенти кишвар муаррифӣ шуданд.
Дар ҷараёни тақдимот ҷавонони соҳибистеъдод ғояҳои инноватсионӣ, дастовардҳои муҳандисӣ ва ташаббусҳои илмии худро намоиш доданд.
Аз ҷумла, Нӯмонҷон Иброҳимов дар бораи натиҷаҳои Ҷашнвораи байналмилалии «Муҳандисони оянда» ва корҳои амалишаванда барои рушди соҳаи муҳандисӣ дар кишвар маълумот дод.
Билолиддин Исмоилов, ки қаҳрамони Ӯзбекистон оид ба мусобиқаҳои дронҳои FPV дар солҳои 2024–2025 мебошад, иштироки худро дар таҳия ва такмили системаҳои зиддидронии «Шунқор-8» ва «X1» муаррифӣ кард.
Диёра Курмаева пешниҳоди худро оид ба таъсиси озмоишии самти таълимии «Фудомика ва метаболомика» ва лабораторияи махсус дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ироа намуд.
Айзада Асанова, ки ғолиби самти «Насли нави автомобилҳо»-и Ҷашнвораи байналмилалии «Муҳандисони оянда» гардид, роҳхат ба озмуни байналмилалӣ дар Белгияро соҳиб шуд.
Яке аз лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи чорабинӣ бо туҳфаи Президенти мамлакат – электромобили “Volkswagen electric vehicle” мукофотонида шудани Айзада Асанова буд.
Ин қадрдонӣ ҳамчун як ифодаи амалии дастгирии ихтироъкорони ҷавон, ташаббускорони соҳаи инноватсия ва муҳандисони оянда дар кишвар арзёбӣ мешавад.