Эҷоде, ки дар хотираҳо монд

Дар толори фарҳанги байналхалқии ба номи Икуо Хираямаи Фарҳангистони бадеии Ӯзбекистон бахшида ба 90-солагии ҳайкалтарош Аҳмад Шоймуродов (1936-2020) намоишгоҳ таҳти мавзӯи «Эҷоде, ки дар хотираҳо боқӣ мондааст» баргузор гардид.

Дар намоишгоҳ ва дар китобе, ки соли 2020 таҳти номи Аҳмад Шоймуродов нашр гардидааст, симоҳои барҷастае, ки офаридаҳои мавсуф мебошад, акси худро ёфтааст. Аз ҷумла Тумарис, Спитамен, Мирзо Улуғбек, Ал-Хоразмӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Алишер Навоӣ, Амир Темур, Абдураҳмон Ҷомӣ, ҳоким ва шоир Заҳириддин Муҳаммад Бобур, Садриддин Айнӣ, Йӯлдош Охунбобоев, инчунин бахшиён-шоирони машҳур Ислом Назар, Муҳаммад Шомурод, Фозил Йӯлдош ва дигар шахсиятҳои маъруф тасвир шудаанд.

Ҳайкалтарош дар ороиши истгоҳи «Алишер Навоӣ»-и метрои Тошканд низ иштирок кардааст.

Бояд ёдрас намуд, ки Арбоби хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон Аҳмад Шоймуродов соли 1936 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Ӯ дар омӯзишгоҳи санъати бадеии ба номи М. Калинин ва дар Донишкадаи давлатии санъати Маскав ба номи В. Суриков таҳсил кардааст.

 

Ҳасан Абдуназаров.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: