ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ХОРИҶӢ: ҲАЙАТИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МАРОСИМИ ВИДОЪ БО АЛӢ ХОМАНАӢ ИШТИРОК МЕКУНАД

Тибқи иттилои хабаргузории эронии Tasnim, дар Эрон ва Ироқ ба муносибати маросими видоъ бо раҳбари олии марҳуми Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ шаш рӯзи мотами густурда баргузор мегардад.

Муовини вазири корҳои дохилии Эрон ва роҳбари ситоди ташкили маросимҳои мотам Алӣ Акбар Пурҷамшидиён изҳор доштааст, ки беш аз 30 давлат ва намояндагони динӣ ва ҳайатҳои расмии зиёда аз 90 кишвар омодагии худро барои иштирок дар маросимҳои видоъ эълон кардаанд. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исмоил Боғоӣ низ иштироки намояндагони кишварҳои минтақа ва дигар давлатҳоро дар ин чорабиниҳо тасдиқ намудааст.
Бино ба иттилои манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, рӯзи 3 июл ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии раиси Палатаи қонунгузории Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нуриддин Исмоилов ба Эрон сафар карда, дар маросимҳои мотам иштирок хоҳад кард.
Мувофиқи барномаи расмӣ, маросимҳои мотам рӯзи 4 июл дар маҷмааи «Мусалло»-и шаҳри Теҳрон оғоз мешаванд. Дар ҳамин рӯз маҷмаа барои маросими оммавии видоъ кушода мешавад. Рӯзи 5 июл намози ҷаноза баргузор гардида, дар пойтахт роҳпаймоии оммавии мотам ташкил карда мешавад. Маросимҳои баъдӣ дар шаҳрҳои Қум ва Машҳад, инчунин дар шаҳрҳои Наҷаф ва Карбалои Ироқ баргузор хоҳанд шуд. Маросими дафн рӯзи 9 июл дар шаҳри Машҳад ба нақша гирифта шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти Эрон, барои ҳамоҳангсозии маросимҳои мотам дар дохил ва хориҷи кишвар ситоди ягонаи миллӣ таъсис дода шудааст. Ҷониби Ироқ низ барои баргузории маросимҳо ва қабули ҷасад маркази махсуси ҳамоҳангсозиро ба фаъолият оғоз кардааст. Интизор меравад, ки миллионҳо нафар дар ин маросимҳо иштирок кунанд.
Ёдовар мешавем, ки Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ 28 феврали соли 2026 дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ва Исроил ба Эрон ҳалок шудааст. Маросими дафни ӯ, ки қаблан ба нақша гирифта шуда буд, бинобар вазъи низомии минтақа чандин маротиба ба таъхир гузошта шуда буд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: