Ҳарчанд вуҷуди одамӣ дардҳои зиёд ва заъфҳои беадад дорад, табиат низ ҳамон қадар марҳаму даворо барои онҳо ато намудааст. Матолиби зеринро, ки давоҳои гуногунро аз шифохонаи табиат барои дардмандон ва печидагиҳои дигари вуҷуди инсон тавсия менамоянд, ба хонандагони гиромии «Овози тоҷик» пешкаш менамоем, ки то ҳадди имкон барои давои амрозу нуқсҳои ҷисмониву равонии худ дар машварат бо шифокорон истифода намоянд.
Барои дарди авратҳо
Агар заъфарон бо райҳони кӯҳӣ истеъмол карда шавад, дарди бачадон ва аврати қафоро бартараф менамояд.
Бар зидди ожанг
Барои мубориза бо ожангҳо шарбати сабр (алое) ба шумо кумак мерасонад. Барои ин 2-3 дона барги алоеро гирифта, онро ба 1 литр оби ҷӯшида сардшуда меандозед ва мобайни 5 дақиқа меҷӯшонед. Сипас онро аз дока гузаронида, полида гиред ва хунук кунед. Ласиони омодашударо дар яхдон нигаҳ дошта, истифода бурда метавонед.
Барои пешгирии ожангҳо
Мағзи бодом ба витамини Е бениҳоят бой мебошад. Агар аз витамини мазкур ҳар рӯз истифода баред, на танҳо ожангҳоро пешгирӣ мекунед, балки баромадаашро бартараф кардан ҳам мумкин. Пайваста ё ду маротиба дар ҳафта равғанро шабона ба пӯсти тозаатон молиданатон мумкин.
Ҳангоми атса задан
Равғани гули сурх бӯ барорад атса мезанонад. Худи гул бошад, нафаронеро, ки мизоҷи гарми майна доранд, атса мезанонад.
Барои ҳимоя аз таъсири аллергия
Агар пӯсти рӯятон хушк бошад ба креми рӯзонаатон каме равғани бодом ҳамроҳ кунед. Ба зудӣ ба ҳолати нормалӣ баргаштани пӯсти рӯятонро мушоҳида мекунед, ғайр аз ин аз таъсири аллергия ва захмӣ шуданҳо ҳам худро ҳимоя мекунед.
Барои дарди гулӯ (ангина)
Ба як истикон оби сабзии ба тозагӣ фишурда, ду-се пора сирпиёзи аз резакунанда баровардаро андозед. Ҳар рӯз ду маҳал 40 дақиқа пеш аз хӯрокхӯрӣ нӯшида мешавад. Муддати муолиҷа – 2-3 рӯз.
Барои камхунӣ (анемия)
Дар анемия ҳар рӯз 4-5 маротиба (20-150 грамм) истеъмол кардани кадуи ҷӯшонидашуда фоида медиҳад. Дарҳақиқат, каду дар камхунӣ, дар норасоии моддаи оҳан ва ҳамчунин, барои нафарони камдармоне, ки ба тозагӣ аз беморӣ ба по хестаанд, муфид мебошад. Дар таркиби он моддаҳои муҳиме монанди оҳан, мис, кобалт, рух, ки хунро беҳтар мекунад, мавҷуд аст.
Дар газидани занбӯр
Ҷое, ки ору ё занбӯри асал неш задааст, бо намаки таршуда хуб молида, тоза кунед. Оби пиёз ё сирпиёз ҳам дардро ба зудӣ бартараф мекунад.
Дар варами пай (артрит)
Ҳангоми дарди пурзӯр оби нави аз хунчӯп (чистотел) гирифташуда ёрӣ медиҳад. Қисмҳои аз варами пай азияткашидаро ҳар рӯз 1 маҳал бо оби хунчӯп тоза кунед. Об чӣ қадар бисёр бошад, таъсираш зуд маълум мешавад.
Ҳангоми асабонӣ шудан
Агар танг шудани асабҳоятонро эҳсос кунед, аз нӯшобаҳои гиёҳии табиӣ, ки соҳиби хусусияти оромкунанда мебошанд: чойи наъноӣ ва лимӯӣ, ваннаи бобунадор қабул карданатон лозим.
Ҳангоми ҷароҳатнок шудани асаб
Ӯсмаро бо асал кӯфта, пас аз сӯхтанаш, дар осеб дидани асаб истифода мешавад.
Ҳангоми шиддатёбии асаб
Ба оби як дона турб ба миқдори ду ҳисса оби ҷӯши хунукшуда илова кунед. Ҳар рӯз пеш аз хоб сад грамм нӯшед. Давомнокии муолиҷа даҳ рӯз.
(Давом дорад).
Таҳияи З.Ҳамдамова,
А. Рӯзиматов.