Бо фарорасии мавсими тобистон фаввораҳои шаҳрӣ дубора ба кор медароянд ва бисёриҳо барои раҳоӣ аз гармӣ ба онҳо ворид мешаванд. Аммо мутахассисон ҳушдор медиҳанд, ки оббозӣ дар фаввораҳо метавонад ба саломатӣ хатари ҷиддӣ эҷод кунад.
Кумитаи некӯаҳволии санитарӣ-эпидемиологӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ таъкид мекунад, ки оби фаввораҳо, бар хилофи ҳавзҳои шиноварӣ, мутобиқи талаботи санитарӣ мунтазам тоза ва безарар гардонида намешавад. Аз ин рӯ, дар он метавонанд ангезандаҳои сироятҳои рӯда, паразитҳо ва дигар микроорганизмҳои зараровар афзоиш ёбанд.
Азбаски фаввораҳо дар фазои кушод ҷойгиранд, паррандагон, ҳайвонот, чангу ғубор ва шамол метавонанд обро ифлос созанд. Дар натиҷа, тухми кирмҳо ва дигар микроорганизмҳои бемориовар ба об ворид шуда, вазъи санитарии онро бадтар мекунанд.
Илова бар ин, фаввораҳо бо таҷҳизоти барқӣ, аз ҷумла насосҳо ва системаҳои равшанидиҳӣ муҷаҳҳазанд. Аз ин рӯ, хатари зарбаи барқ низ вуҷуд дорад. Ҳамчунин, сатҳи лағжандаи таги фаввора, ашёи тез ё қисмҳои осебдидаи он метавонанд боиси афтидан ва ҷароҳат бардоштани одамон гарданд.
Мутахассисон ҳамчунин мегӯянд, ки барои нигоҳ доштани шаффофияти об дар баъзе фаввораҳо аз моддаҳои кимиёвӣ истифода мешавад. Ин гуна моддаҳо метавонанд боиси хашмгин шудани пӯст ё пайдо шудани аксуламалҳои аллергӣ шаванд.
Дар анҷоми огоҳӣ таъкид шудааст, ки фаввораҳо унсурҳои меъморӣ ва ороишии шаҳр буда, барои зебоӣ ва фароҳам овардани салқинӣ сохта шудаанд. Аз ин рӯ, оби онҳо барои нӯшидан ё оббозӣ пешбинӣ нашудааст.