Комёбии ғаллакорони Бухоро

Ғаллакорони вилояти Бухоро нақшаи шартномавии ба давлат фурӯхтани гандумро барзиёд иҷро карданд. Таъмин кардани хоҷагиҳои фермерӣ бо нурии минералӣ, сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, инчунин кӯмаки моддӣ бесамар намонд. Муҳимаш нақшаи шартномавӣ дар 19 рӯзи корӣ пурра иҷро шуд.

Соли равон дар 65 ҳазор гектар майдони 3 ҳазору 38-то хоҷагии фермерӣ корида шудани навъҳои «Алексеевич», «Валена», «Гурт», «Васса», «Гром», «Собербаш», «Еланчик», «Таня» ва парвариши саривақтии онҳо, ба амал баровардани тадбирҳои мавсимӣ боиси фаровонии ҳосил гардид. Ислоҳоти соҳа, ба роҳ монда шудани нархҳои бозории хариду фурӯш омили муҳими нафъбинии хоҷагиҳои фермерӣ мегардад.

Ин дар навбати худ ба рӯҳбаландона гузаштани мавсими ҳосилғундорӣ такон бахшид. Дар вилоят бо иштироки 230-то комбайни ғалладарав ташаккул ёфтани отряд, тартиби то иҷрои нақша даравида ба давлат супоридани ҳосил, баъд идома додани дарав ба манфиати хоҷагиҳои фермерӣ услуби оқилонаи ташкили кор аст. Гуфтан ҷоиз аст, ки бештар аз 1100-то автомобили боркаш, 32-то устохонаи сайёр, 44-то воситаи таъмини сӯзишворӣ ба отряди ғалладарав мадад расонд.

То 25 июн ба хирмани ғалла 215 ҳазору 296 тонна гандум кашонда шуд. 193 ҳазору 886 тоннаи онро товар, 21411 тоннаашро тухмӣ ташкил мекунад. Нақшаи солона барзиёд иҷро шудааст. Ба ин комёбӣ ноҳияҳои Олот, Ҷондор, Рометан, Вобканд, Бухоро, Пешкӯ, Когон ва Қарокӯл саҳми арзанда гузоштанд. Хусусан, ҳиссаи хоҷагиҳои фермерии «И.Ибрагимов», «Шамсиддин Абдиев», «Зиёдулло Нутфулло» аз ноҳияи Олот, «Козимбобо», «Халқобод Файз замини», «Шерзод» аз ноҳияи Рометан, «Қурбонов Ғафур Ҳасанович», «Бунёд Аҳмад» аз ноҳияи Ҷондор, «Сайфулло Ҷумъаев», «Боқиев Ислом», «Ҳайдаралӣ ГФН» аз ноҳияи Вобканд, «Ҷаббор Камол», «Қосим Бахтиёр» аз ноҳияи Бухоро, «Бухоро сервис агрокластер», «Қобилобод» аз ноҳияи Пешкӯ назаррас гардид. Ҳосилнокии ин хоҷагиҳои фермерӣ ба ҳисоби миёна ба 95 сентнерӣ расид.

Бо вуҷуди мураккабии шароити замин ва номусоидии иқлим бори аввал дар соҳаи хоҷагии қишлоқ дар вилоят ҳосилнокии киштзорҳои ғалла ба 90-95 сентнерӣ рост омад. Мавсими ҷорӣ хоҷагиҳои фермерӣ бештар аз 600 ҳазор тонна ҳосил рӯёнда, манфиатдории моддии зиёд диданд. Ғаллакорони вилоят пешбинӣ мекунанд, ки 2 триллиону 120 миллиард сӯм даромад насибашон мегардад. Аз ҷумла 730 миллиарди он даромади соф аст.

Дар комёбии ғаллапарварон хидматҳои операторони комбайн Ғулом Ҷумъаев, Арслон Шарифов (аз ноҳияи Ҷондор), Камол Тошев (Вобканд), Суръат Қазоқов, Саноқул Муродов, Суръат Ҳамроев (Рометан), Искандар Ҷӯраев, Зариф Қурбонов (Олот), Икром Қаҳҳоров, Низом Изомов (Бухоро), Нуралӣ Йӯлдошев, Наврӯз Тӯрақулов (Пешкӯ) ҷудогона шуд.

Ҳоло дар 62 ҳазор гектар майдон ҷараёни кишти такрорӣ оғоз ёфта, дар 10 гектар майдон ҷараёни дастгирии иҷтимоии 28 ҳазору 171-то оилаи камдаромад идома меёбад.

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: