Озарбойҷон истифодаи шабакаҳои иҷтимоиро барои кӯдакони то 16-сола манъ мекунад

Парлумони Озарбойҷон дар хониши сеюм тағйиротро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин қонунҳои «Дар бораи иттилоот, иттилоотонӣ ва ҳифзи иттилоот» ва «Дар бораи ҳифзи кӯдакон аз маълумоти зараровар» қабул кард. Тибқи ин тағйирот, шахсони то 16-сола дигар ҳаққи таъсиси ҳисоб дар шабакаҳои иҷтимоиро нахоҳанд дошт.

Бар асоси қонун, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд ҳангоми бақайдгирии корбарон низоми техникии санҷиши синну солро ҷорӣ намоянд. Аввал корбар синну соли худро нишон медиҳад ва баъдан он тавассути воситаҳои техникӣ тасдиқ карда мешавад. Рӯйхати шабакаҳое, ки ин талабот ба онҳо татбиқ мешавад, баъдан эълон хоҳад шуд.

Барои наврасони аз 16 то 18-сола бошад, кушодани ҳисоб танҳо бо розигии намояндаи қонунӣ иҷозат дода мешавад. Ин розигӣ бояд бо истифода аз маълумоти корти бонкӣ, суроғаи почтаи электронӣ ва рақами телефони мобилии намояндаи қонунӣ тасдиқ гардад.

Илова бар ин, соҳибони шабакаҳои иҷтимоӣ уҳдадоранд дар Озарбойҷон ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шаванд. Ширкатҳои хориҷӣ бошанд, бояд дар кишвар филиал ё намояндагӣ таъсис диҳанд, маркази тамос бо забони давлатӣ дошта бошанд ва дар давоми панҷ рӯзи корӣ ба дархостҳои мақомоти давлатӣ посух диҳанд.

Қонун барои ширкатҳое, ки талаботро риоя намекунанд, ҷазоҳои марҳилавиро пешбинӣ кардааст. Аввал ба онҳо огоҳии хаттӣ дода мешавад, сипас аз 100 ҳазор то 300 ҳазор манат ҷарима таъин мегардад. Дар сурати идома ёфтани қонуншиканӣ, таблиғи давлатӣ дар он платформа манъ шуда, бо қарори додгоҳ ҳаҷми трафики он метавонад пайдарпай то 20, 50 ва ҳатто 90 фоиз коҳиш дода шавад.

Ҳамчунин, ҳар сол то 15 январ ширкатҳо бояд ба мақомоти салоҳиятдор ҳисобот оид ба иҷрои талаботи қонун ва омори рад шудани дархостҳои бақайдгириро пешниҳод намоянд. Барои дигар намудҳои қонуншиканӣ низ ҷаримаҳо пешбинӣ шудаанд: барои шахсони мансабдор аз 6 ҳазор то 9 ҳазор манат ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз 15 ҳазор то 40 ҳазор манат.

Қонуни мазкур пас аз 12 моҳи нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: