Дар моҳи июн тавассути ҳисобҳои эскроу зиёда аз 34,3 ҳазор муомила расман ба қайд гирифта шуд

Аз рӯи минтақаҳо, бештарин муомила дар шаҳри Тошканд сабт шудааст.

Дар моҳи июни соли 2026 равандҳои расмии хариду фурӯши амволи ғайриманқул ва воситаҳои нақлиётӣ тавассути ҳисобҳои эскроу идома доранд.
Тибқи маълумотҳо, дар моҳи июн тавассути ҳисобҳои эскроу зиёда аз 34,3 ҳазор муомилаи хариду фурӯш расман ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Бонки Марказӣ маълумот дидааст.
Гуфта мешавад, аз шумораи умумии муомилаҳо 19 241 адад ба воситаҳои нақлиётӣ ва 15 146 адад ба амволи ғайриманқул марбут аст. Ҳамчунин, ҳоло раванди баррасии 834 муомила идома дорад.
Аз рӯи минтақаҳо, бештарин муомила дар шаҳри Тошканд сабт шуда, дар моҳи июн ин нишондиҳанда 9 373 ададро ташкил додааст. Ҳамчунин, дар вилояти Фарғона 3 456 адад, вилояти Самарқанд 2 990 адад ва вилояти Андиҷон 2 737 адад муомилаҳо анҷом ёфтаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: