Дар шаҳри Мюнхени Олмон бар асари гармии рекордӣ, хушксолии тӯлонӣ ва паст шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ мушкилот дар таъминоти об ба миён омадааст. Ба ҳамин муносибат, мақомоти шаҳр дар соҳаи таъминоти об вазъияти фавқулода эълон карданд.
Бо мақсади ҳифзи захираҳои мавҷудаи об як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ гардидаанд.
Дар шаҳри Мюнхени Олмон бар асари гармии рекордӣ, хушксолии тӯлонӣ ва паст шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ мушкилот дар таъминоти об ба миён омадааст. Ба ҳамин муносибат, мақомоти шаҳр дар соҳаи таъминоти об вазъияти фавқулода эълон карданд.
Шаҳрдори Мюнхен Доминик Краузе изҳор доштааст, ки барои идоракунии самараноки захираҳои боқимондаи об гурӯҳи махсуси корӣ таъсис дода шудааст. Ба гуфтаи мақомоти шаҳр, Мюнхен ҳоло бо шадидтарин буҳрони таъминоти об аз аввали солҳои 1970 рӯ ба рӯ шудааст.
Гармии тӯлонӣ боиси якбора зиёд шудани истеъмоли об гардида, низоми таъминоти оби шаҳр дар ҳадди ниҳоии иқтидори худ фаъолият мекунад.
Дар айни замон таъминоти оби нӯшокӣ ҳанӯз устувор нигоҳ дошта шудааст. Бо вуҷуди ин, барои ҳифзи захираҳои мавҷуда як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд. Аз ҷумла, фаъолияти хизматрасониҳои шустани тирезаҳо муваққатан қатъ гардида, аз 150 фаввораи ороишии шаҳр ҳадди ақал 10-тои онҳо, ки масрафи зиёди об доранд, аз кор бозмондаанд.
Ҳамчунин, корхонаи таъминоти оби шаҳр сокинонро ба сарфакорона истифода бурдани об даъват кардааст. Ба шаҳрвандон тавсия дода шудааст, ки аз шустани автомобилҳо худдорӣ намоянд, ба ҷойи ванна аз душ истифода баранд, ҳангоми шустани дандон ҷуммакро пӯшида нигоҳ доранд ва ҳавзҳои шиновариро бо об пур накунанд.