Аз 10 июл байни Бухоро ва Сариосиё хатсайри нави ҳавоӣ ба роҳ монда мешавад

Аз 10 июли соли 2026 дар Ӯзбекистон хатсайри нави мунтазами дохилии ҳавоӣ бо масири «Бухоро — Сариосиё» ба фаъолият оғоз мекунад.

 Ифтитоҳи ин хатсайр ба рушди робитаҳои нақлиётии байни минтақаҳо ва баланд бардоштани дастрасии парвозҳои дохилӣ равона шудааст.
Парвозҳоро ширкати ҳавопаймоии Silk Avia ҳафтае як маротиба — рӯзҳои ҷумъа анҷом медиҳад. Парвоз аз Бухоро соати 08:30 оғоз шуда, ҳавопаймо соати 09:30 ба Сариосиё мерасад. Парвози бозгашт соати 10:10 аз Сариосиё парвоз карда, соати 11:20 ба Бухоро мерасад. Давомнокии парвоз тақрибан як соат мебошад.

Интизор меравад, ки ифтитоҳи хатсайри нав сафарро барои сокинони кишвар ва сайёҳони хориҷӣ осонтару бароҳаттар гардонда, вақти роҳро коҳиш диҳад ва ба рушди сайёҳии дохилӣ мусоидат намояд.

Вилояти Сурхондарё дорои имкониятҳои бузурги сайёҳӣ мебошад. Тавассути фурудгоҳи Сариосиё сайёҳон метавонанд ба минтақаҳои зебои кӯҳӣ, мавзеъҳои табиии нодир, масирҳои экологӣ ва дигар ҷойҳои машҳури сайёҳӣ зудтар дастрасӣ пайдо кунанд.

Густариши шабакаи парвозҳои дохилӣ ба таҳкими робитаҳои сайёҳӣ байни минтақаҳо, зиёд шудани муҳлати будубоши сайёҳон дар кишвар ва фароҳам овардани имкониятҳои нав барои шиносоӣ бо мероси фарҳангӣ ва табиии Ӯзбекистон мусоидат хоҳад кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: