Ба хатмкунандагон медал супурда шуд

Маросими тантанавии ба аълохонҳо супурдани медалҳо дар маркази фарҳангии ноҳияи Сӯх баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия Сайидбаҳром Сайидмӯсоев, намояндагони шуъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия, директорони мактабҳо ва падару модарони хатмкунандагон иштирок карданд.

С. Саидмӯсоев ҷамъи хатмкунандагони мактабҳои ноҳияро бо дастовардҳояшон самимона табрик карда, гуфт:
– Имсол 33 мактаби миёнаи ноҳияи моро 1255 нафар хатм мекунанд. Аз ин шумор 72 нафар барои натиҷаҳои баланди таҳсилашон сазовори медалҳои тиллову нуқра дониста шуданд. Ба таври мушаххас қайд карданӣ бошем, 71 хатмкунанда бо медали тиллоӣ ва 1 хатмкунанда бо медали нуқра сарфароз гардиданд.

– Боиси шодиву сарфароз ист, ки имсол ҳам дар олимпиадаи забон ва адабиёти тоҷик ғолиб дониста шудам ва ҳам соҳиби медали тилло гардидам, – мегӯяд хатмкунандаи мактаби рақами 28 Фариштамоҳ Ҳасанҷонова.

Падару модарон ва иштирокчиёни маросим хатмкунандагонро бо гулдастаҳои тару тоза табрик карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ФАРҒОНА.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: