Олими дастхатшинос дар Бухоро

Доктори фалсафа оид ба филологияи Эрон, профессор Орифи Навшоҳӣ 27 марти соли 1955 дар шаҳри Панҷоб таваллуд ёфтааст. Ӯ дар давоми 15 сол мудири кафедраи филологияи Эрони Коллони Гордони шаҳри Равалпиндии Покистон буд. Муддате дар як қатор марказҳои илмӣ, аз ҷумла, дар Маркази пажӯҳишҳои забони форсии Эрон – Покистон, инчунин дар ваколатхонаи фарҳанги назди сафоратхонаи Эрон дар Исломобод кор кардааст.

Солҳои тӯлонӣ бо фонди энсиклопедияи Эрон, Маркази энсиклопедияи бузурги ислом, Академияи забон ва адабиёти форс барин марказҳои илмию фарҳангӣ ҳамкорӣ дошт. Орифи Навшоҳӣ узви фахрии Фарҳангистони забон ва адабиёти форси Эрон аст. Равияи пажӯҳишҳои вай китобҳои дастнависи форсӣ, нашрҳои чопии қадим, сарчашмаҳои тасаввуфӣ, хусусан, манбаъҳо оиди тариқати хоҷагон – Нақшбандия мебошад. Ӯ доир ба дастхатшиносӣ 10, оид ба библиография 5 китоб таълиф намуда ва оид ба тасаввуф ва этика беш аз 10 сарчашмаи бостониро омодаи чоп гардондааст.

Орифи Навшоҳӣ оиди «Энсиклопедияи дунёи ислом», «Энсиклопедияи бузурги ислом», «Энсиклопедияи забон ва адабиёти форсии нимҷазираи Ҳиндустон» ва «Ираника» мақолаҳо навиштааст. Вай соҳиби як қатор мукофотҳои байналхалқист. Соли 2025 ҳукумати Покистон барои комёбиҳояш дар соҳаи илму фан ӯро бо ордени «Ситораи имтиёз» сарфароз намуд.

Шунида будам, ки Орифи Навшоҳӣ ба мамлакати мо ташриф овардааст. Ҳафтаи аввали моҳи май вохӯрии тасодуфии мо бо ӯ дар зиёратгоҳи пири дуюми Бухорои Шариф – Хоҷа Орифи Моҳитобон Ревгарӣ дар ноҳияи Шофиркон сурат гирифт. Маълум шуд, ки корманди пешбари илмии Институти шарқшиносии ФУ Ӯзбекистон ба номи Берунӣ, доктори илми таърих, профессор Комилҷон Раҳимов, коршиноси калони дастхатҳои Институти таърихи АИ Ӯзбекистон Файзхоҷа Маҳмуд ба вай ҳамроҳ буданд. Меҳмонон баъди зиёрат, аз назар гузаронидани навиштаҷоти сангҳо, гирду атроф, чӯбу дарҳои куҳна ба масҷид даромаданд.

Мазори «Хоҷа Шарофиддин» яке аз мазорҳои кӯҳна ва бузургтарини  ноҳияи Шофиркон ба шумор меравад.

Баъд диққати меҳмононро навиштаҷоти форсии рӯйи қабр сӯйи худ кашид. Бобои Орифи Навшоҳӣ – Ғулом Мустафо Навшоҳӣ дар қатори асарҳои бузургон «Чор китоб» («Номи ҳақ») ва асари Алии Сайфӣ «Рашаҳот-айн-ул-ҳаёт»-ро аз форсӣ ба забони панҷобӣ тарҷума кардааст.

Ҳангоми мулоқот аён гардид, ки Навшоҳӣ бори сеюм аст, ки ба мамлакати мо меояд. Ду сафари аввалаи вай солҳои 2018-2019 ба амал омадаанд. Ӯ шаҳру ноҳияҳои Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Хоразм, Қашқадарё, Сурхондарё, Андиҷон, Фарғонаро дидааст. Ба шаҳру ноҳияҳои Урганҷ, Хева, Бӯстонлиқ, Китоб, Шаҳрисабз, Деҳнав, Когон, Ғузор ва ғайра сафар кардааст, қабрҳои Шайхованди Таҳур, Хоҷа Аҳрор, Хоҷа Аловуддини Аттор, Сӯфӣ Оллоҳёр, Муҳаммади Зеҳӣ, намояндагони тариқати Хоҷагон-Нақшбанд, «Ҳафт пир»-и Бухорои Шарифро зиёрат кардааст. Дар Андиҷон ба «Боғи Бобур», Бунёди байналмилалии Бобур рафта, дар маҳфили Шоири мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Юсуф иштирок кардааст.

Вай дар бораи «Маслак-ул-муттаҳин», «Фиқҳи Ҳанафӣ», таърихи забони форсии қабл аз ислом ақидаҳои пурқимат дорад.

– Мовароуннаҳр ҷойи муқаддас аст: тамаддуни ислом, забони форсӣ аз ин ҷо бархостааст. Рамзи илм, фарҳанг, тамаддун ин ҷо ва хулосаам: ҳар ҷо, ки забони форсист, ватани ман аст, – мегӯяд ӯ.

А. Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: