Адибону мутарҷимони чаҳор ҷумҳурӣ дар Заркент

25-26 июни соли равон дар Хонаи эҷодии Паркент, ки дар деҳаи зебоманзари Заркенти ноҳияи Паркент ҷой гирифтааст, аз ҷониби Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Форуми III байналхалқии мутарҷимон баргузор гардид.

 

Дар чорабинии адабӣ-маънавие, ки дар доираи татбиқи Фармони Президенти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои иловагии идома додан ва ба давраи нави рушд баровардани ислоҳот  дар доираи самтҳои устувори тараққиёти мамлакат то соли 2030» аз 16 феврали соли 2026 рӯйи кор омад, як қатор адибону мутарҷимон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Алъон бо саъйи адибону тарҷумонҳои кишварҳои ҳамҷавор эътибор ба тарғиби адабиёти ӯзбек пурзӯр шудааст. 16 нафар эҷодкорон аз Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон узви фахрии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон гардидаанд. Даҳҳо нафар соҳибистеъдодҳои ҷавон ва адибони баркамол низ, ки дар Осиёи Марказӣ кору эҷод мекунанд, айни замон дар тарҷума ва тарғиби адабиёти классикиву замонавии ӯзбек ҳиссаи муносиб ҳамроҳ менамоянд.

Муовини аввали раиси Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон Минҳоҷиддин Мирзо, ҷонишини раиси Кумита оиди муносибатҳои байни миллатҳо ва масъалаҳои кор бо ҳамватанҳои хориҷӣ Бекзод Шукуров, сармуҳаррири маҷаллаи «Ҷаҳон адабиёти» Аҳмадҷон Мелибоев, Нависандаи мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Алӣ, Шоири халқии Ӯзбекистон Абдулло Шер, доктори илмҳои таърих Абдумаҷид Мадраҳимов, доктори фанҳои филологӣ Ҳаким Сатторӣ ва дигарон оиди вазъи адабиёти ӯзбек дар минтақа, дар вақтҳои охир мазмуну моҳияти тоза пайдо кардани дӯстии халқҳо–дӯстии адабиётҳо, дар боз ҳам пайвандтар сохтани адабиётҳо ва мустаҳкам гардондани риштаҳои дӯстӣ нақши муҳим бозидани ин гуна чорабиниҳо ҳарф заданд.

Дар доираи форум суҳбати даврӣ таҳти мавзӯи «Симои Амир Темур дар эҷоди адибони дунё», ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Тарҷимаҳо аз адабиёти тоҷик ва ӯзбек, ҳамкории адибони ду мамлакат»,  «Рушди ҳамкориҳои адибони ӯзбек ва қазоқ» ва ғайраҳо ҷамъомадҳои шуъбавӣ баргузор гашт. Адибон-ноширон Ҷамшед ва Асадулло Шукурзода дар бораи маводҳои тарҷумавие, ки дар маҷаллаҳои «Шарқнома» ва «Дурдонаи Шарқ» ба нашр расидаву мерасанд, сухан ба миён оварданд. Баромадҳои Зокирҷон Муъминҷонов, Робия Дӯстмонова, Хосият Бекмирзоева оиди вазъи тарҷумаи бадеӣ, тарғиби адабиёти ӯзбек  дар ҷамоҳири ҳамҷавор таваҷҷуҳангез буд. Алалхусус баромади Алишер Сабрӣ дар мавзӯи «Ҷиҳатҳои ба худ хоси тарҷумаи шеърҳо дар вазни арӯз» эътибори умумро бештар ба худ кашид.

Чанд нафар фидоиёни адабиёт аз хориҷ узви ифтихории Иттифоқи нависандагони  Ӯзбекистон гардиданд. Ба иштирокдорони фаъол «Ташаккурнома»-и Иттиҳоди нависандагон супурда шуд. Дӯст ва бародари ҳамқалами мо, муаллифи доимии «Овози тоҷик»  Шоқаҳҳор Салимов низ дар вазъияти мутантан ба узвияти  Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуд.

М. ШОДИЕВ,

мухбири «Овози тоҷик». 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: