Мероси фикрӣ ва маънавии беш аз ҳар замони дигар

Имрӯз дар Ҷумҳурии Исломии Эрон маросими видоъ бо роҳбари руҳонии ҷумҳурӣ Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ баргузор мегардад ва ба ин муносибат шаш рӯз дар мамлакат маросимҳои мотам идома мекунад.

Ба маросим аз бештар аз 100 мамлакат вакилон даъват шудаанд, аз ҷумла аз Ӯзбекистон ҳайат бо роҳбарии раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Нуриддин Исмоилов ширкат менамояд. Дар идома чанд нукта роҷеъ ба марҳум пешниҳод мегардад.

Барои мардуми Осиёи Марказӣ, ки вориси тамаддуни бузурги фарҳангӣ- исломӣ ва хостгоҳи андешавароне чун Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Имом Мотуридӣ, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино ва Абунасри Форобӣ ҳастанд - тааммул дар аъмоди гуногуни шахсияти ин роҳбари шаҳид, метавонад аз манзари тамаддунӣ, илмиву фарҳангӣ дарсе гаронбаҳо бошад.

Оятуллоҳ Хоманаӣ аз барҷастатарин фақеҳон ва муҷтаҳидони асри хеш ба шумор мераванд. Масри илмии эшон аз кӯдакӣ дар Машҳад оғоз шуд – ҷое, ки Қуръонро дар домони модари аҳли адаб ва китоб фаро гирифтанд ва сипас дар ҳавзаҳои илмии Машҳад, Қум ва Наҷаф ба таҳсил пардохтанд. Эшон дар маҳзари Оётуллоҳи Буруҷардӣ ва Имом Хумайнӣ ба дараҷаи валойи иҷтиҳод ноил омаданд.

Он чӣ шахсияти илмии эшонро мутамоиз месозад, ҷомеияти илмӣ ва нигоҳи тамаддунӣ ба фиқҳ аст. Эшон на танҳо дар улуми суннатии ҳавза – фиқҳ, усул, риҷол, ҳадис ва тафсир табаҳҳур доштанд, балки ба фалсафа, калом, адабиёт, таърих ва ҷараёнҳои фикрии муосир низ ишрофи комил доштанд. Ин густурдагии дониш, дар миёни фақеҳон, нодир ва шигифтовар аст.

Аз нигоҳи эшон, Қуръон сарфи назар роҳнамои шахсӣ барои намоз ва ибодат нест, балки китоби ҳидоят, китоби ҳикмат, китоби нур ва китоби бурҳон аст. Эшон бо ишора ба сухани Имом Алӣ (а), ки Қуръонро «зиндагикунандаи дилҳо» ва «дармони дардҳои бузурги башарият» хондаанд, таъкид доштанд, ки амал ба таълимоти Қуръон, роҳи ҳалли ниёзҳои башарият ва ҷомеаҳои инсонӣ аст.

Шахсияти Хоманаӣ танҳо ба арсаи фиқҳ ва сиёсат маҳдуд намешавад, эшон адибе тавоно ва мунтақиде соҳибзавқ дар ҳавзаи шеър ва адабиёт буданд. Ин шавқи адабӣ  реша дар хонаводае дошт, ки модарашон, бонуи китобхон ва ошно бо адабиёти форсӣ, завқи шеъриро дар фарзандонаш парварид. Эшон аз навҷавонӣ бо иштиёқи фаровон ба мутолиаи романҳои барҷастаи ҷаҳон рӯй оварданд.

Эшон худро як «хонандаи мушток» муаррифӣ карданд ва феҳристе аз нависандагони маҳбуби худро баршумурданд. Михаил Шолохов, нависандаи рус ва барандаи ҷоизаи Нобел, бо романи «Дони ором» ва Алексей Толстой бо силсилаи «Ранҷ», аз ҷумлаи нависандагони мавриди таваҷҷуҳи эшон буданд. Аммо шояд муҳимтарин асаре, ки эшон борҳо аз он бо таҳсин ёд кардаанд, «Банӣ-инсон»-и Виктор Ҳюго аст. Эшон ин китобро беҳтарин романи тамоми даврон хонда ва онро китоби ҷомеашиносӣ, интиқодӣ ва саршор аз атофат ва ишқ тасвир кардаанд, ки «муъҷизае дар олами романнависӣ» аст.

Эшон худ низ бо тахаллуси «Амин» ба сурудани шеър машғул буданд. Ин шавқи адабӣ, аз ҳамон солҳои ҷавонӣ дар Машҳад, эшонро ба Анҷумани адабии Фирдавсӣ кашид, ҷое, ки бо шоирону нависандагони барҷастае чун Маҳдии Ахавони Солис, Муҳаммад Мухторӣ ва Муҳаммадризо Шафеъи Кадканӣ ҳамнишин шуданд.

Шаҳодати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар таърихи 28 феврали соли 2026 дар ҳамлаи ҳавоии Исроил, нуқтаи атфӣ дар таърихи мубориза бо истикбори ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ин ҳодисаи талх, ки дар чаҳорчӯби амалиёти густурдаи низомии Амрико ва Исроил рух дод, на танҳо андеша ва роҳи эшонро мутаваққиф насохт, балки мавҷи бедорӣ ва ҳамгироиро дар ҷаҳони Ислом эҷод кард.

Барои мардуми Осиёи Марказӣ, ки имрӯз ба истиқлол ва ҳувияти худ ифтихор мекунанд, шаҳодати як роҳбари зиддиистикборӣ, паёме равшан дорад: роҳи муқовимат ва мубориза бо султагарӣ, роҳи пурхатар, аммо пурифтихор аст ва миллатҳои озода ҳаргиз дар баробари зӯргӯӣ сар хам намекунанд.

Аз нигоҳи эшон, имон, дониш ва истодагӣ се рукни асосии истиқлол ва иззати  миллат аст. Эшон муътақид буданд, ки «илм бе имон ба султагарӣ, имон бе илм ба рукуд ва истодагӣ бе ҳар ду ба шикаст меанҷомад». Илм дар андешаи эшон, на анбоштаи додаҳои маҳз, балки огоҳие раҳонидакунанда аст, ки инсонҳо ва миллатҳоро аз султа раҳо месозад.

Барои нухбагон, андешаварон ва умуми мардуми Ӯзбекистон шинохти ин шахсияти бузург, на танҳо даричае ба таҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон мекушояд, балки тааммулест дар нисбати фарҳанг, сиёсат, адабиёт ва ояндаи ҷаҳони боадолат дар қарни бисту якум. Мероси фикрӣ ва маънавии эшон, имрӯз беш аз ҳар замони дигар, роҳнамои миллатҳои озод дар масири иззат, истиқлол ва ҳамгироӣ аст.

Ҳасан САФАРХОНӢ,
ройзани фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ӯзбекистон

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: