Бо ташаббус ва иқдоми наҷиби Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев шаҳру деҳоти соири вилоятҳои водии Фарғона ба ҳадде тағйир ёфтаву намои тоза касб менамоянд, ки бемуҳобот, назирашро дар минтақаи Осиёи Марказӣ пайдо кардан амри муҳол аст.
Хусусан, дар солҳои охир масъалаҳои сохтмони манзил ва густариши он яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ гардидаанд. Ин раванд танҳо бо афзоиши ҳаҷми сохтмон маҳдуд намешавад. Ин раванди тағйир додани тамоми равиш, навсозии намуди зоҳирии шаҳрҳо ва тарзи зиндагии мардум аст. Ҳоло ҳамроҳи муштарӣ сайрамонро аз мавзеи «Ӯзбекистони Нав»-и шаҳри Қӯқанди латиф шурӯъ мекунем. Таври маълум, ин шаҳристони зебову пурҷилоро, ки онро дар гузашта Ҳавоканд ё Хӯқанд низ унвон кардаанд, хеле зебову дилрабо шудааст.
Дарвоқеъ, ин шаҳристони бостонӣ дар канори худ як идда соҳибмаърифатонро зодаву парвардааст, ки дар рушди тамаддун ва пешрафти забон, адабиёт ва фарҳанг саҳми хеле бузург гузоштаанд. Дар ин радиф мо аз овардани ному насаби шоиру мутафаккир Муҳаммад Аминхӯҷа Муқимӣ (1850-1903), шоир ва маърифатпарвар, публитсист Зокирҷон Холмуҳаммад Фурқат (1859-1909), адиб, драматург ва намояндаи барҷастаи адабиёти муосири ӯзбек Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ (1889-1929) иктифо мекунем, ки бо осори худ дар дилу дидаҳои мардуми зиёд барои ҳамеша боқӣ мондаанд.
Ҳоло меравем ба самти мавзеъи нави шаҳр, ки барои 25 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Мешавад гуфт, ки аллакай қисмати аъзами биноҳо аз тарафи соҳибонашон ишғол шудаанд ва ҳар кадом ба зиндагии босуботу ором ва фаровони худ машғул мебошанд. Манзилҳои нав, ки дар ин шаҳр сохта шудаанд, на танҳо намуди зоҳирии онро тағйир додаанд, балки ба ҳаёти ҳазорҳо оилаҳо субот, эътимод ва имкониятҳои нав фароҳам овардаанд. Муҳимтар аз ҳама, ин тағйирот на танҳо аз рӯи шумора, балки дар ҳаёти ҳаррӯзаи одамон низ ба таври возеҳ эҳсос мешаванд.
– Ин мавзеъ, ки ҳоло ба шаҳри мо шукӯҳи нав зам намудааст, бо ташаббуси роҳбари давлатамон сохта шудааст. Таъмини аҳолӣ бо манзил барои ҳар як ҷомеа масъалаи одӣ нест, балки яке аз омилҳои муҳимтарини муайянкунандаи суботи дохилӣ ва ояндаи он аст.
Зеро хона танҳо паноҳгоҳ нест. Ин ҷоест, ки инсон худро дар амният ҳис мекунад, такягоҳе, ки аз он ба фардо бо боварӣ менигарад, пояи мустаҳками оила ва оянда аст. Аз ин рӯ, масъалаи манзил ҳеч гоҳ танҳо дар чаҳорчӯбаи сохтмон ё иқтисодиёт намемонад.
Он ҳамеша маънои васеътар дорад ва бо суботи иҷтимоӣ, тавозун дар ҷомеа ва сифати ҳаёти инсон зич алоқаманд аст. Дар ҷое, ки сиёсати манзил мунтазам амалӣ мешавад, ҷомеа ором аст ва одамон бо эътимод ба оянда зиндагӣ мекунанд. Он макони навест дар қаламрави шаҳри мо, ки сокинони зиёди ба он кӯчидаро хеле шоду мамнун гардонид. Бидуни муболиға, ин макони нави будубош рӯз аз рӯз намои зеботар гирифта, ба як макони сарсабзу хуррам табдил меёбад, – ба сухан оғоз намуд масъули дафтари матбуоти ҳокимияти шаҳр Улуғбек Норбоев.
Дар айни ҳол байни биноҳои истиқомативу иншоотҳо чунин хиёбонҳои гулкоришудаву сарсабзу хуррамро мебинед, ки онро дарахтони ороишӣ низ бештар шукӯҳ мебахшанд.
Маълум шуд, ки ширкати хидматрасонии идоракунандаи навтаъсис масъули обёрӣ ва нигоҳубини ҳамаи ин растаниву дарахтон мебошад. Ҳамчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки аҳолӣ шабонарӯз аз дигар намуди хизматрасониҳо низ бархурдор бошанд.
Дар ҳақиқат мавзеи нави шаҳр ҳамчун маркази муосире ташаккул меёбад, ки дар тағйир додани симои иқтисодӣ ва иҷтимоии он хизмати хосеро анҷом хоҳад дод. Ба ҳар сурат, бо дарназардошти он ки дар ин шаҳр зичии баланди аҳолӣ эҳсос мегардад, талабот ба манзили зист меафзояд. Тамоми корҳои сохтумону бозсозӣ бо истифода аз роҳҳои муосиру замонавӣ сурат мегиранд.
Аз ибтидо дар ин лоиҳа равиши ҳамаҷониба интихоб карда шудааст. Яъне, ҳадаф дар ин ҷо на танҳо сохтани хонаҳо, балки фароҳам овардани муҳити пурраи зиндагӣ мебошад, ки дар он ҳамаи унсурҳои зарурии инфрасохтор пешакӣ бодиққат ба нақша гирифта шудаанд. Интихоби қаламрав низ аҳамияти асосӣ дорад.
Дарвоқеъ, ҷанбаи муҳимтарин дар ин ҷо на шумораи объектҳо, балки ҳамоҳангии функсионалии онҳост. Якҷоя кардани мактабҳо, муассисаҳои томактабӣ, муассисаи таҳсилоти олӣ, марказҳои тиҷоратӣ ва савдо, таваққуфгоҳҳо ва минтақаҳои фароғатӣ ин минтақаро ба як шаҳри муосир ва худкифо табдил медиҳад. Акнун Хӯқанди латиф чунин намуди муосирро ба худ мегирад ва ба марҳилаи нави рушд ворид мешавад, мероси таърихӣ ва пешрафти муосирро муттаҳид мекунад.
– Мавзеи «Ӯзбекистони Нав» дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Азизтеппа»-и ин шаҳр бунёд гардида, майдони он 34 гектар мебошад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои сохтмон 1,85 триллион сӯмро ташкил медиҳад, – иброз дошт Улуғбек Норбоев.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо дар ҳамин ҳол марҳилаи аввали татбиқи лоиҳа ба анҷом расидааст ва 56 бинои даҳошёна бо 4 ҳазору 394 хона мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст. Улуғбек Норбоев дар идома боз тазаккур дод, онҳое, ки соҳиби манзили ботаъмиру хушсохт ва зебо мешаванд, то 20 сол бо пардохти аввалияи 35 фоизӣ қимати онро мепардозанд, ки меъёри солонаи он танҳо 16 фоизи ҳаҷми умумии онро ташкил мекунад.
– Мавзеи нав, бешубҳа, симои иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаро куллан тағйир медиҳад, на танҳо ҳамчун як маҷмааи манзилӣ, балки ҳамчун як маркази муосир ташаккул хоҳад ёфт. Қӯқанд ҳамеша яке аз шаҳрҳое буд, ки аҳолии зич ва соҳибкории рушдёфта дошт. Аз ин рӯ, талабот ба манзил дар ин ҷо ҳар сол афзоиш меёбад. Инфрасохтори кӯҳна ва фазои маҳдуди зиндагӣ густариши шаҳрро дар асоси нав тақозо мекунад ва ҳоло бо дарназардошти ҳамин хонаҳои наву шинам ва зебо соҳибони худро истиқбол мегиранд, – гуфт бо хушҳолӣ У. Норбоев.
Бо такя бо хабарҳои расмӣ ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат зимни ташриф ба вилояти Фарғона боздидҳоро маҳз аз шаҳри куҳани Қӯқанд шурӯъ намуд ва бо шароите ошно шуд, ки мардум дар чӣ ҳолу аҳвол зиндагӣ мекунанд. Ҳатто вай дар яке аз хонаҳо меҳмон шуд ва аз шароити фароҳамовардашуда ибрози қаноатмандӣ кард. Дар баробари ин Сарвари давлат аҳамияти иҷтимоии лоиҳаро таъкид карда, афзуд, ки маҳаллаҳои нави манзилӣ на танҳо барои беҳтар кардани шароити будубош, балки барои ташаккули фарҳанги муосири зиндагӣ низ хизмат хоҳанд кард.
Қобили ёдоварист, ки баъди судури қарори Президент «Дар бораи баргузории Ҷашнвораи байналмилалии ҳунармандӣ» таҳти шафеъгарии ЮНЕСКО бори сеюм аст, ки чунин ҷашнвора дар ин шаҳр баргузор гардид. Бори охир ин шаҳр ба Ҷашнвораи III байналмилалии ҳунармандӣ 19-21 сентябри соли гузашта мизбонӣ намудааст. Маҳз ба ҳамин муносибат ҷойҳои дигари Қӯқанд, кӯчаву хиёбонҳо, намои берунии биноҳои истиқомативу иншоотҳои маъмурӣ ва амсоли он намои тоза касб намудааст.
Дарвоқеъ, баъди натиҷагириҳо маълум шудааст, ки маҷрои сайёҳони хориҷӣ ба шаҳр дар ин давр то ба 10 маротиба афзоиш ёфтааст. Барои ҳамин вазъият тақозо менамояд, ки шумори меҳмонхонаҳову хостелҳои муҷаҳҳазу замонавиро бояд дар ин шаҳр боз ҳам афзоиш дод ва аз ин ҳисоб ба иқтисоди шаҳр даромади иловагӣ зам намуд.
– Меҳмононе, ки ҳатто як сол пеш аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Фарғона, аз ҷумла, аз шаҳри Қӯқанд боздид кардаанд, баъди тамошову муқоисаи манзараҳои он ангушти ҳайрат мегазанд. Ин ба он маънист, ки сохтмонҳои зиёд анҷом дода шудаанд, роҳҳо васеътару равонтар шудаанд, иншоотҳои наву замонавӣ ба шукӯҳи шаҳр шукӯҳи иловагӣ зам намудаанд, – мегӯяд Улуғбек Норбоев.
Дар ин миён қайд бояд кард, ки вилояти Фарғона барои ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ хеле минтақаи ҷолиб ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин соли сипаришуда сармоягузорони сӣ кишвар маҳз ба ин вилоят таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Маблағи умумии аз ин ҳисоб воридшуда ҳудуди 2 миллиарду 74 миллион доллари амрикоиро ташкил мекунад. Дар ин самт Чин, Русия, Туркия, Сингапур ва Таиланд саҳми бештар гузоштаанд.
Бино ба хабари манбаъҳои расмӣ, дар соли равон беш аз 30 кишвар дар татбиқи лоиҳаҳо бо сармояҳои худ ширкат хоҳанд кард. Чин (7,4 миллиард доллар), Туркия (746 миллион доллар), Русия (445 миллион доллар), Қатар (200 миллион доллар), Канада (35 миллион доллар) ва амсоли он аз ҳамин шумор мебошанд. Мусаллам аст, ки аз ҳисоби ҳаҷми умумии маблағи воридшуда барои бунёди як қисми иншоотҳои гуногуни иҷтимоӣ ва иқтисодӣ низ истифода сурат хоҳад гирифт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.