24-28 июни соли равон дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шашкаи садхонагӣ баргузор шуд.
Дар ин сабқати бонуфузи ҷаҳонӣ варзишгардухтари мактаби махсуси навъҳои гуногуни варзишии вилояти Сирдарё, хонандаи синфи шашуми мактаби воқеъ дар маҳаллаи Бахмалсойи ноҳияи Сайҳунобод Сабрина Бердимуродова дар самти рапид миёни духтарони аз 12 то 14-сола низ иштирок кард. Тавре ки устодаш Дилафрӯз Ортиқова иттиллоъ дод, Сабрина маҳорати хеле баланд зоҳир намуда, аз 9 бозӣ 12 хол ҷамъ овард ва ҷойи ифтихории якумро ишғол кард. Ӯ бар рақибони пурзӯри худ аз Русия, Қазоқистон ва кишварҳои дигар пирӯз шуд.
Ғалабаи мазкур аз меҳнати ин варзишгари наврас, саъю ҳаракатҳои фидокоронаи устодон, инчунин дар кишвар аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ шудани варзишгарон ва натиҷаи ислоҳоти амалӣ дар соҳаи варзиш дарак медиҳад. Бояд гуфт, ки Сабрина аз ин пеш ҳам дар мусобиқаҳои байналхалқӣ, ки дар Туркия, Русия ва Ӯзбекистон гузаштаанд, иштирок карда, натиҷаҳои хубро ба даст оварда буд.
Дар сурат: ғолиби мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба шашкаи садхонагӣ, номзади устоди варзиш Сабрина Бердимуродова.