Муассисаи нав

Дар кишвари мо рушди низоми таълими томактабӣ, таъмини таълиму тарбияи босифат ба кӯдакон ва фароҳам овардани шароити замонавӣ барои онҳо бо ташаббуси роҳбари давлатамон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян шудааст.

Тавре ки Сарвари давлат таъкид кардааст, «Таҳсилоти томактабӣ марҳилаи аввал ва муҳимтарини рушди инсон аст. Шароите, ки барои кӯдакон фароҳам оварда шудааст, бузургтарин сармоягузорӣ ба оянда аст».

Дар маҳаллаи Дӯстлики ноҳияи Чуст муассисаи таълими томактабии ғайридавлатӣ, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ бунёд ёфтааст, кушода шуд.

Ин муассисаи таълимии навтаъсис аз он ҷиҳат муҳим аст, ки барои таълиму тарбияи кӯдакон ва амалӣ кардани имкониятҳои зеҳнӣ ва эҷодии онҳо хизмат мекунад.

Иштирокчиёни чорабинӣ бо шароити муассисаи нав шинос шуда, ба ташаббускорон миннатдорӣ изҳор карданд.

Муассисаи таълимии томактабӣ, ки барои 200 ҷой пешбинӣ шудааст, аз ҷониби муассис Х. Мирсаидов бо қарзи имтиёзноки 2 миллиард сӯм, ки аз ҷониби давлат ҷудо карда шудааст ва 1 миллиарду 200 миллион сӯм маблағҳои шахсӣ сохта шудааст. Дар натиҷа, дар ин муассисаи таълимӣ 25 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд.

Шаҳло Мамадҷонова,

вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: