Намози ҷанозаи Алии Хоманаӣ дар Теҳрон баргузор шуд

Субҳи имрӯз, 5-уми июл дар Мусаллои Теҳрон намози ҷанозаи Алии Хоманаӣ ва чанде аз аъзои хонаводаи ӯ баргузор шуд.

Намози ҷаноза бо имоматии Ҷаъфар Субҳонӣ сурат гирифт. Қарор аст дар ҳар шаҳре, ки Алии Хоманаӣ ташъия мешавад, як имоми баландмақом бар пайкари ӯ ҷаноза хонад.
Дар ҷаноза мақомҳои олирутбаи Эрон, аз ҷумла Аҳмад Ваҳидӣ, фармондеҳи Сипоҳи Посдорон, Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳур, Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси порлумон ва Муҳсини Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи ин кишвар ширкат доштанд.
Ҳамчунин, барои ширкат дар ҷаноза садҳо ҳазор тан аз дохили хориҷ дар Теҳрон ҷамъ омадаанд ва тасвирҳо ҳузури ҷамъияти бузург дар ин маросимро нишон медиҳад.
Пас аз намози ҷаноза мардуми ҳозир шиорҳои “хунхоҳӣ ва интиқом” сар доданд.
Алии Хоманаӣ ва чанд тан аз аъзои хонаводааш чор моҳ пеш дар пайи ҳамлаи Амрикову Исроил ба хоки Эрон кушта шуда буданд.
Қарор аст пайкари ӯ дар Теҳрон ва Қум ташъия шавад. Пас аз он як рӯз дар Ироқ чунин маросим баргузор шуда, рӯзи 9-уми июл дар Машҳад ташъия ва ба хок супорида мешавад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: