Нақш ва таъсири зеҳни сунъӣ дар таълими муосир

Таърихи зеҳни сунъӣ ҳамоҳангии аҷиби тасаввуроти адабӣ ва талошҳои илмӣ аст. Решаҳои он ба солҳои 1940-ум мерасад.

Маҳз он замон Исаак Азимов дар ҳикояи илмию тахайюлии хеш «Runaround» бори аввал «Се қонуни робототехника»-ро муаррифӣ карда буд. Ин қонунҳо баъдтар ба бисёр муҳаққиқони соҳаи робототехника ва зеҳни сунъӣ, аз ҷумла ба яке аз асосгузорони муосири зеҳни сунъӣ Марвин Минскӣ илҳом бахшиданд.

Риёзидони бритониёӣ Алан Тюринг дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо сохтани дастгоҳи рамзкушоии «Бомба» ва ғояҳои худ дар офаридани мошинҳои «ақлнок» асос гузошт. Ӯ соли 1950 бо мақолаи машҳури худ «Мошинҳои ҳисоббарор ва зеҳнӣ» санҷиши Тюрингро пешниҳод кард. Ин меъёр то ҳол барои чен кардани зеҳни низомҳои сунъӣ истифода мешавад.

Соли 1956 истилоҳи «зеҳни сунъӣ» дар семинари тобистонаи Дартмут аз ҷониби Минскӣ ва Ҷон Маккартӣ  расман ворид карда шуд.

Таҳқиқот нишон медиҳанд, ки фароҳам овардани таълими зеҳни сунъӣ ба кӯдакони синни хурдсол як зарурат аст. Сабаби асосии ин – донистани вазифаҳои асосии зеҳни сунъӣ ва тарзи истифодаи барномаҳои дар асоси он сохташуда ҳамчун қисми ҷудонашавандаи саводнокии рақамӣ дар ҷаҳони имрӯза мебошад. Дар ҷомеае, ки рӯз то рӯз ҳушмандтар мешавад, кӯдакон бояд аз аввал бо мафҳумҳои асосии зеҳни сунъӣ шинос шаванд, то дар оянда шаҳрвандони  доно ва бошуур бошанд. Албатта омӯзиши мафҳумҳои вобаста ба зеҳни сунъӣ бояд мутобиқи синну сол ва сатҳи дарки ақлии кӯдакон амалӣ шавад.

Муҳаққиқон бар онанд, ки татбиқсозии зеҳни сунъӣ метавонад ба баланд бардоштани сифати таълим, беҳбуди раванди таълиму омӯзиш таъсири мусбат расонад. Онҳо таъкид мекунанд, ки зеҳни сунъӣ бо истифода аз таҳлили маълумот ва алгоритмҳои омӯзиши мошинӣ қодир аст ниёзҳои беназири ҳар як хонандаро муайян, муҳтаво ва самти таълими инфиродиро пешниҳод кунад. Ин технология метавонад бо муайян кардани ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи хонандагон ва пешниҳоди фаврии фикру мулоҳизаҳо раванди омӯзишро низ самараноктар гардонад.

Умуман татбиқсозии зеҳни сунъӣ на фақат сифати таълим ва арзёбиро баланд мебардорад, балки дар эҷоди таҷрибаи инноватсионии омӯзиш, ки барои ниёзҳои шахсии ҳар як хонанда мувофиқ аст, нақши муҳим мебозад. Ҳарчанд зеҳни сунъӣ наметавонад инсонро пурра иваз кунад, қодир аст раванди арзёбиро бо дақиқии наздик ба инсон анҷом диҳад. Азбаски омӯзгорон на ҳамеша дастрас буда, хонандагон ба роҳнамоии доимӣ ниёз доранд, истифодаи мураббиёни зеҳни сунъӣ метавонад роҳи ҳалли самарабахш бошад – ба хусус барои хонандагоне, ки изтироби иҷтимоӣ ё академӣ доранд, ин технология метавонад кӯмаки таълимии доимӣ ва бидуни стрессро фароҳам оварад.

Зеҳни сунъӣ бо тақвиятдиҳии таълими фосилавӣ ва таъминсозии дастрасии ҷаҳонӣ ба сарчашмаҳои омӯзиш адолати таълимиро баланд мебардорад. Аз ҷониби дигар, самаранокии кори омӯзандагон низ беҳтар мешавад, зеро он метавонад самтҳои омӯзишро ба сатҳ, услуб ва қобилияти ҳар як шахс мутобиқ созад. Зеҳни сунъӣ дар соҳаи маориф ба профессорон воситаҳоеро пешниҳод мекунад, ки таҳлили дақиқтари маълумоти донишҷӯён, пешниҳоди фикру мулоҳизаҳои мақсаднок ва осон кардани тарҳрезии машқҳоро имконпазир месозанд.

Ба тарзи хулоса метавон гуфт, ки зеҳни сунъӣ яке аз дастовардҳои муҳими замони муосир буда, дар рушди соҳаи маориф нақши назаррас дорад.

Фаридун АСЛОНОВ,

магистранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: