Профессори ифтихории Донишгоҳи давлатии Самарқанд, академики Академияи фанҳои Турон Неъматҷон Низомов олами фониро падруд гуфт. Чанори азиме аз боғи илму ирфони Самарқанд уфтод.
Неъматҷон Низомов соли 1940 дар деҳаи Мотруди ноҳияи Самарқанд дар оилаи маърифатпарвар таваллуд шудааст. Дар мактабҳои 27-уми Мотруд ва 10-уми шаҳри Самарқанд таълим гирифтааст.
Хатмкардагони ин мактабҳо одамони номдор – академику профессорҳо, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ буда, дар ривоҷу равнақи илми Ӯзбекистону Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Академикҳо Аловуддин Баҳоваддинов, Воҳид Абдуллоев, Акбар Отахӯҷаев ва чанди дигар аз ин ҷумлаанд. Доктори илмҳои физикаю математика, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд Неъматҷон Низомов низ дар қатори ана ҳамин шахсони муътабар аст.
Ӯ соли 1966 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм карда, соли 1969 дар ҳамон ҷо рисолаи номзодӣ ва соли 1985 дар Донишгоҳи давлатии Киев рисолаи докториашро ҳимоя мекунад.
Неъматҷон Низомов муаллифи чандин рисолаҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ барои мактабҳои олӣ, як қатор ихтироъҳо буд.
Профессор Неъмат Низомов солҳои 2010 ва 2013 ду бор «Одами сол»-и ҷаҳон эътироф шуда, соли 2014 аз сафи 100 муҳандиси машҳури олам ҷой гирифтааст.
Неъматҷон Низомов дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд беш аз 55 сол кор кард, таҳти роҳбарии ӯ қариб 20 нафар шогирдон рисолаҳои номзадӣ ва се нафар рисолаҳои доктории худро ҳимоя намудаанд ва имрӯз давомдиҳандаи корҳои пуршарафи ӯ мебошанд.
Ӯ узви чандин Шӯроҳои илмӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ, мушовири Марказҳои илмӣ буд. Чандин сол мудирии кафедра ва роҳбарии лабораторияи физикаи молекулярии Донишгоҳи давлатии Самарқандро дар ӯҳда дошт.
Неъмат Низомовро ҳамчун соҳиби оилаи обрӯманд на фақат дар маҳаллаи Мотруд, балки дар тамоми Самарқанд ҳурмат мекарданд. Вай бо ҳамсараш – донишманди забондон Моҳира Асадова се писару як духтарро ба воя расонида, соҳиби маълумоти олӣ карданд, ки имрӯз беҳтарин анъанаҳои волидайни худро идома медиҳанд.
Фавти нобаҳангоми дӯст ва бародари меҳрубон, донишманди арсаи ҷаҳонӣ, ифтихори Сайқали рӯйи замин Неъматҷон Низомов дар ҳаёти илмӣ ва маърифии Самарқанд талафоти бузург мебошад.
Номи неку корҳои неки ӯ бо дастовардҳои илмияш дар таърих, дар ёди пайвандон, ҳамдиёрону ҳамсафон, шогирдону ҳамкоронаш боқӣ хоҳанд монд.
Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накӯном зист,
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Руҳаш шоду манзили охираташ обод бодо...
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
профессор.
Самарқанд.