Соҳибкори ӯзбекистонӣ Улуғбекхон Мақсумов, ки дар Имороти Муттаҳидаи Араб фаъолият мекунад, ба мактабҳои техникии вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро таҷҳизоти муосири таълимӣ ва истеҳсолиро ҳамчун сарпарастӣ тақдим намуд.
Тавре хабаргузории «Дунё» иттилоъ медиҳад, ин ташаббус бо дастгирии Консулгарии генералии Ӯзбекистон дар шаҳри Дубай амалӣ гардидааст. Пеш аз ҳама, пойгоҳи моддию техникӣ ва эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ омӯхта шуда, сипас таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуд.
Дар доираи ин иқдом, ширкати INKAS 20 компютер, 10 принтер, 5 мошини дӯзандагӣ ва 5 мошини кафшери нуқтаиро ба муассисаҳои таълимӣ ҳадя кард.
Аз ин миён, мактабҳои техникии №1 ва №2-и ноҳияи Каттақӯрғони вилояти Самарқанд соҳиби 10 компютер ва 5 принтер шуданд. Ҳамчунин, мактаби техникии №1-и ноҳияи Вобкенти вилояти Бухоро бо 5 мошини дӯзандагӣ ва 5 мошини кафшери нуқтаӣ таъмин гардид.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин иқдом ба таҳкими пойгоҳи моддию техникии мактабҳои техникӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии амалии донишҷӯён, ҷалби ҷавонон ба касбҳои муосир ва афзоиши рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат мусоидат хоҳад кард.