Гоҳо аз мушоҳидаи ҳаёти ононе, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба дунё омадаанд, дар тааҷҷуб мемонам. Чӣ қадар инсонҳои ҷонсахту сабур ва ҳамеша ҷӯёву кӯшо будаанд онҳо! Устоди меҳрубон, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева, ки соли 1941, дар моҳи аввали оғози ин ҷанг таваллуд шудааст, аз ҷумлаи чунин инсонҳост.
Ба ту шамъи равшандилон зинда бод,
Бар офоқ нури ту тобанда бод!
Абдураҳмони Ҷомӣ.
Гоҳо аз мушоҳидаи ҳаёти ононе, ки солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон ба дунё омадаанд, дар тааҷҷуб мемонам. Чӣ қадар инсонҳои ҷонсахту сабур ва ҳамеша ҷӯёву кӯшо будаанд онҳо! Устоди меҳрубон, Журналисти шоистаи Ӯзбекистон Муайяна Хӯҷаева, ки соли 1941, дар моҳи аввали оғози ин ҷанг таваллуд шудааст, аз ҷумлаи чунин инсонҳост.
Қиблагоҳаш – Нӯъмон Ҳоҷиев моҳи ноябри соли 1942 дар муҳорибаи атрофи Сталинград (ҳоло Волгоград) қаҳрамонона ҳалок мегардад. Азми фарзанди азизаш – Муайяна шоистаи таҳсинҳост, ки дар арафаи 40-солагии Ғалаба бар фашизм якҷо бо ҳамсараш, доктори илм Ғаффор Раҳимов ва фарзандон Ғолибҷону Маҳорат ба Волгоград сафар карда, дар қабристони бародарии Майский қабри падарашро зиёрат карда омаданд. Баъдтар Муайяна Хӯҷаева дар мақолаи хеле таъсирбахши аз меҳри фарзандӣ саршор зери унвони «Омадӣ, ҷони падар?!» бо ҳасрат қайд кардааст: «Ман сурати падарамро дар хотир надорам: вақте ӯ ба дифои Ватан рафт, тифл будам. Маро дидани дидору навозишҳои ӯ насиб нашуд. Аз фронт барнагашт, ҷон нисори Ватан кард. Рафта-рафта армони тавофи хоки падар сабру қарорам рабуд...»
Ҳамин минвол журналист, фарзанди неки падар баъди хондани ному фамилияи падараш аз санги мазор идома медиҳад: »Дар чашмонам ашк ҳалқа мезад. Гӯё аз қаъри замин садои маҳбубе ба гӯшам мерасид: «Омадӣ, ҷони падар! Бовар доштам, ки ту меоӣ, интизорат будам...» Оре, ҷанг ба сари мардуми мо низ бисёр кулфат оварда буд.
Ҳар як чакидаи хотираҳои вай, ки аз саҳифаи китобҳои пурмуҳтавояш: «Матонат», «Ризвон эрур Ватан», «Тоҷи шараф», «Армуғони Васлӣ», «Бӯстони меҳр» ҷой гирифтаанд, гувоҳи қалами бурро ва садоқат ба касби дилбохтааш – рӯзноманигорӣ мебошанд. Дар зиндагиномаи ин бонуи равшандил ҳикоёти пандомӯз бисёранд. Аммо кас баъзан ҳаводиси пурандӯҳи зиндагиаш, таслимнопазириашро омӯхта, мутаассир мешавад. Оре, танҳо шахси худшиносу Худошинос ин азиятҳоро паси сар карда метавонад, танҳо чунин шахс аз ин гуна имтиҳонҳо мегузарад!
Камина бо фаъолияти журналистии мавсуф беш аз чиҳил сол боз ошноям. Солҳо дар идораи рӯзномаи маҳбубамон – «Овози тоҷик» паҳлӯ ба паҳлӯ кору эҷод кардем. Дар ин асно аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтам. Дар симои ӯ имрӯз ҳам сифатҳои неки як аристократ – асилзодаи самарқандиро мебинам: чашмсерию қаноатмандӣ, маданияти худдориву меҳмоннавозӣ, саховатпешагӣ, оилапарварӣ ва ғайра.
Ӯ солҳои кор дар рӯзномаи «Овози тоҷик» мавқею мақоми худро дошт. Муайянаапа зани ҷаҳонгашта аст. Ду сол дар Куба, азбаски ҳамсараш ҳамчун мутахассис он ҷо ифои вазифа дошт, зиндагӣ кардааст. Забони испаниро ҳам каму беш медонад. Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст, дар Донишкадаи шарқшиносӣ осори мутафаккирони барҷастаро аз қаъри сарчашмаҳои нодири хаттӣ тадқиқ намудааст.
Муайяна Хӯҷаева бо оилааш дар мавзеи барҳавои Юнусободи Тошканд зиндагӣ дошт. Зиндагиаш хуш буд. Аммо меҳри Самарқанд ӯро ба зодгоҳ кашонд ва ба қавли Ҳофиз «Ба шаҳри худ раваму шаҳриёри худ бошам» гуфта, аз пойтахт кӯч баст. Ҳамчун хабарнигори вилоятии «Овози тоҷик» корашро идома дод. Дар Самарқанд нахустин телевизиони хусусии «СТВ» таъсис ёфту ӯро ба вазифаи дикторӣ даъват намуданд. Дар ин кору вазифа низ шоистаи эътирофу эҳтироми мардум гардид. Имрӯз шогирдонаш аз ин даргоҳи маърифату фарҳанг Холида Абдухолиқова, Шаҳло Аҳророва, Зокиру Фаррух, Дилрабо ва дигарон ҳамеша аз ҳолаш хабар мегиранд. Сармуҳаррирони рӯзномаҳои вилоятӣ Фармон Тошев ва Баҳодур Раҳмонов аз ҳолдонҳову ҳолпурсони ӯ мебошанд. Арӯс ва набераҳо, хешу пайвандон ҳамеша такягоҳи апаи Муайяна.
Мутаассифона, сарнавишти инсон аз рӯзҳои гарон низ холӣ нест. Тавре шоири бузург Лоиқ Шералӣ фармуда: «Сад бори дунё бар дӯши дилҳо» меафтодааст. Муайяна Хӯҷаева ба тамоми сахтиҳо истодагарӣ кард. Азбаски солҳо осори шоири шинохта ва маорифпарвар Саидаҳмад Васлиро дар заминаи сарчашмаҳои хаттӣ омӯхта буд, байти зерини ӯро шиори ҳаёти худ кард, аз даргоҳи Худованди карим сабру таҳаммул хост:
Машав ғамгин, шикасте гар туро рӯзи нахуст ояд,
Умед аз вопасин кун, баски дер ояд, дуруст ояд.
Устод ҳоло дар ин соли пурбаракоту мубораки зиндагӣ узви фаъоли ҷомеаи журналистон аст, пайгирона мақолаҳои дилчасп ва ҳатто олимона менависад, ки ҳаваси кас меяд.
Дар арафаи Иди қурбон раиси Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Шуҳрат Орифов бо чанд корманди рӯзномаи «Овози Самарқанд» ба табрики ин зани оқилаву табаррук рафт.
– Умед дорем, ки устоди меҳрубон, ин хонуми соҳибсухану матинирода боз солҳои зиёд корҳои илму эҷодро давом дода, ба ҷавонони эҷодкор ибрат мегардад, – мегӯяд Ш.Орифов.
Инак, ӯро бо рӯзи мавлудаш – синни 85 шодбош мегӯем.
Шоқаҳҳор Салимов,
узви иттифоқҳои журналистони Ӯзбекистону Тоҷикистон.