Табиат мекунад моро табобат

Ҳангоми бемориҳои асаб

Дар бемориҳои системаи асаби периферикӣ (дарди миён, фалаҷи асаби рӯй, полиневрит, неврити байни қабурға ва невралгияҳо) апитерапия, яъне табобат бо заҳри занбӯри асал, васеъ истифода бурда мешавад.
 
Ҳангоми ором кардани асаб
 
Ҷӯшоби барги исфаноҷ ҳангоми вайрон шудани фаъолияти системаи асаб ҳамчун давои оромбахш нӯшида мешавад. Барои тайёр кардани ҷӯшоб 1 қошуқ барги резашудаи исфаноҷро дар 200 грамм об 10 дақиқа ҷӯшонида, 1 соат дам медиҳанд. Сипас соф карда, дар як рӯз 3 маротиба нимпиёлагӣ нӯшида мешавад.
 
Ҳангоми шамол кашидани торҳои асаб
 
Ним килограмм турб, 2 қошуқ асал ва 1 қошуқ намак гирифта мешавад. Аз турб шарбат гирифта, ба он асал ва намак илова карда, меомезанд. Шарбати турби ғанишударо ҳамчун воситаи бартарафкунандаи дард ҳангоми бод, шамол кашидани мушак ва торҳои асаб ба ҷойи дардманд молидан натиҷаи хуб медиҳад. Агар ба ин шарбати шифобахш каме спирти тиббии суст илова карда, омехта истифода баранд, пӯсти шарбат молида гарм шуда, гардиши хун дар он ҷойҳо беҳтар гардида, дард зуд бартараф мешавад.
 
Ҳангоми диққи нафас (астма)
 
Кунҷит барои астма фоида дорад.

Дар атеросклероз

Ба ним қошуқ оби сирпиёз ним истикон шири буз ҳамроҳ карда, ҳар рӯз вақти таоми саҳарӣ нӯшидан лозим аст.
 
Барои зиёд кардани ақл
 
Мағзи бодомро кӯфта, бо шакар ё асал омехта, мунтазам истеъмол намудан барои асаб фоиданок буда, мағзи сарро қувват мебахшад, ақлро зиёд ва фикрро равшан мекунад.
 
Барои сайқал додани ақл
 
Ҳангоми давидан ҳамаи мушакҳо якҷоя кор мекунанд, гардиши хун беҳтар шуда, таъмини организм бо оксиген хуб мегардад. Инчунин, маҳз ҳангоми давидан дар мағзи сар моддаи серотонин ҳосил мешавад. Ин модда хотираро беҳтар намуда, ақлро тез, баданро ҷавон мекунад.
 
Ҳангоми бавосир
 
Дорчин бо зираи ёбоӣ якҷоя истифода шавад, дар табобати бавосир муфид аст.
 
Барои фарбеҳ кардани бадан
 
Райҳони кӯҳӣ бо ҷурғот ё панири тару тоза хӯрда шавад, баданро фарбеҳ мекунад.
 
Барои рафъи балғам
 
500 грамм пиёз, 400 грамм шакар, 1 литр об ва 50 грамм асалро гиред. Пиёзро реза карда, ба об андозед, сипас шакарро низ илова менамоед. Дар оташи паст тақрибан 3 соат меҷӯшонед. Пас аз хунук шудан, ба он асалро ҳамроҳ мекунед. Ба зарфи шишагӣ андохта, даҳонашро маҳкам мепӯшонед. Баъд аз хӯрок 4-5 қошуқ истеъмол мекунед.
 
Ҳангоми варамҳои балғамӣ
 

Ҳосили тару тозаи райҳони мушгӯш (сичқонқулоқ)-ро кӯфта банданд, варамҳои балғамӣ, яъне варамҳои сард ва мулоимро нест мекунад.

Таҳияи З. Ҳамдамова,
               А. Рӯзиматов.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: