Ӯ ботинан ошиқи зиндагӣ, накӯному накӯкор, ҳамдилу ҳамдами дӯст аст. Аз ҳама муҳимаш, муҳаббат ба Ватану халқ, касби омӯзгорӣ, хислатҳои наҷибу ҳамидаи инсонӣ дар замири Озода Назарова ҳастанд.
Вай соли 1966 дар оилаи меҳнаткашони одӣ чашм ба олами ҳастӣ кушод. Он айём хурсандии волидон ҳадду канор надошт. Ба тифлак Озода ном гузоштанд, ки воқеан имрӯзҳо низ фикру андешаҳои озод, лоиқи таҳсину ситоиш аст.
Ӯ сарвари мактаби миёнаи рақами 73-юми шаҳри Самарқанд, (собиқ таълимгоҳи рақами 14-уми деҳаи Навбоғчиён) мебошад. Фаъолияти пурсамарона, ибратбахшу бунёдкоронаи Озода аз ҷониби садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд бо мукофотҳо қадршиносӣ шудааст.
Шахсан ман ифтихор аз он дорам, ки замоне устоди ӯ будам. Аз сабаби он ки дар оила ҳама дилбохтаи адабиёт буданд, Озода низ ба худ тасмими омӯзгори ин фан шуданро гирифт. Пас аз соҳиби номаи камол шудан ҳуҷҷатҳои худро ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурда, аз имтиҳонҳои қабул сарбаландона гузашт. Бо дипломи имтиёзнок ба зодгоҳ баргашт ва фаъолияти педагогиро ба ҳайси муаллими забони русӣ оғоз намуд. Боиси ифтихору хушнудист, ки шогирдам Озода Назарова аз рӯзи нахустин бо ташаббусу навоварӣ, қолабшиканӣ ба ҳурмату эҳтироми ҷамоаи мактаб, падару модарон соҳиб гардид. Дар озмунҳои « Муаллими сол» ширкат варзида, дар зинаҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ мақоми баландро гирифт.
Собиқаи меҳнати ӯ дар мактаби мазкур беш аз сӣ сол буда, 10 соли охир дар зимма вазифаи пурмасъулияти мудирӣ дорад.
– Ҳеҷ аз хотирам намеравад, – бо табассуми дилнишину гуворо лаб ба сухан кушод шогирдам, – нобаҳангом маро ба шуъбаи таълими халқии ноҳияи Самарқанд даъват намуданд ва мудир Баҳриддин Мардонов (рӯҳаш шод бод) ба ман гуфтанд, ки мо дар ин ҷо машварат ороста қарор кардем, ки шуморо директор таъин намоем. Зеро нишондодҳои мактаб дар ҳама соҳа коҳиш ёфтааст. Мо аз ҷоннисорӣ, ташаббускорӣ навоварии шумо хабардор ҳастем. Номзадии шуморо ҳокими ноҳия низ маъқул дониста, ба роҳбарӣ розигӣ дод. Омад ёр бод!
Баъд аз он, ки Озода роҳбарии ин маскани илму адабро бар дӯш гирифт, масъулияташ афзуд. Бо кӯшишҳои бевоситаи ӯ ва бо дастгирии ҳомиёну саховатмандони деҳот синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифодабарӣ супурда шуд. Чанде пеш мактаб дар опен-буҷа беш аз ду миллиард сӯм бурд карда, аз ҳамон ҳисоб бинои нави хушсохту замонавӣ қад афрохт.
– Озода Назарова бонуи мардтинати исмаш ба ҷисмаш монанд, яъне озодандеш ва аз ҳама муҳимаш бунёдкору ташаббускор аст, – мегӯяд амини маҳаллаи Навбоғчиён Мурод Остонақулов, – шогирдонаш номбардори на танҳо маҳалла, инчунин шаҳру вилоят мебошанд. Масалан, соли гузашта аз 91 нафар хатмкунандагон қариб нисфи онҳо ба мактабҳои олии Ӯзбекистон ва кишварҳои хориҷӣ дохил шуданд. Яке аз хатмкунандагон Давлат Шодиев бо гранти давлатӣ донишҷӯйи Донишгоҳи Лондон гардид.
– Ҳоло дар мактаби мо беш аз ҳазор нафар таҳсил гирифта, ба онҳо қариб 70 нафар муаллимони соҳибтаҷриба сабақ медиҳанд, – иброз дошт мудири таълимгоҳ Озода Эргашевна, – омӯзгорон Мартаба Шодиқулова, (забони русӣ), Моҳидил Қӯчқорова (биология), Шаҳноза Султонова (химия), Фаррух Раҷабов (физика) ва омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ Заррина Маҳмудова, Мадина Аҳрорқулова ва дигарон соҳиби тоифаҳои гуногун буда, дар байни падару модарон эҳтироми хоса доранд.
Чанде пеш ба муносибати Рӯзи хотира ва қадршиносӣ бо ташаббусу талаботи сарвари таълимгоҳ дар мактаб дар атрофи як пиёла чой суҳбати дилнишину гуворо оростем. Ёди ҳамкасбони раҳматӣ Рустам Ҳусейнов, Умеда Акрамова, Мусавара Ҷумъаева, Рамзия Собирова, Дилором
Маматқулова, Адулқосим Халилов ва дигаронро кардем.
Воқеан Озода Назарова дар зиндагӣ низ хушбахту саодатёр аст. Дар муҳити фарҳангии омӯзгори асил фарзандону наберагон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор ва соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба воя расида, хидмат ба халқ ва саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи Ватанро вазифаи муқаддасу шарафноки худ мешуморанд.
Хуршеда Акрамова,
собиқадори таълими халқӣ.
Шаҳри Самарқанд.