Зиндагӣ китобест нонавишта...

Ё Сухане чанд перомуни китоби «Дар орзуи рӯшноӣ»-и Шариф Халил

Зиндагӣ худ китобест нонавиштаву нохонда. Барои навиштану хондани он кӣ заҳмат мекашад? Албатта, нависанда. Замоне тилфонҳои вақткушак набуданд, мо саргарми китобхонӣ будем. Дар ду-се рӯз як китоби ҳикоя, қисса (повест) ё романро хонда тамом мекардем. Баъзан як китобро аз сари шавқу завқ дубора мехондем.

20-уми майи соли 2025 журналист ва нависанда Шариф Халил дар ҷашни солгарди шоири зиндаёди тоҷик устод Лоиқ Шералӣ, ки дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз баргузор кардем, иштирок карда ба мо китоби нави худро бо номи «Дар орзуи рӯшноӣ» туҳфа кард. Номи китоб диққати маро ба худ ҷалб кард.

Қиссаву ҳикоя ва очеркҳои онро мехонеду ҳадафу мақсади нависандаро дар мобайн ё охир пай мебаред, ки чист. Чун дақиқтар хонда дарк менамоеду мазмуну муҳтавояшро мефаҳмед, баъд лаззату таъми суханони нависандаро ҳис мекунед.

Ба ҳар ҳол чунин тарзи нигоришро бояд тадқиқи доманадоре кард ва ба ҳусну қубҳаш баҳои ҳаққонӣ дод. Умедворем, ки мунаққидони наср минбаъд ба ин ҷиҳати масъала бештар аҳамият медиҳанд.

Китоби тозанашри нависанда бо қиссаи «Дар як шаби боронӣ» оғоз шудааст. Дар ин қисса нигоранда бо воситаи суҳбату хархашаи якшабаи зану шавҳар воқеаи тамоми ҳаёти онҳоро, ки хеле пурпечутобу баъзан дар домани шириниҳо ва баъзан хеле талх гузаштааст, нақл мекунад. Ин воқеа дар замони пошхӯрии давлати абарқудрати Шуравӣ ва истиқлол ёфтани ҷумҳуриҳои тобеи он рух додааст. Қаҳрамони қисса Ҳамдам ном чӯпоне аз заифии давлати навакак истиқлолёфта ва шароити мусоиди пешомада истифода карда, бо шариконаш моли колхозро тороҷ мекунанд. Касофати он ба писараш мезанад. Вай аз кадом камари кӯҳ парида ҷон ба ҷонофарин месупорад ва модараш Баҳора ба дарду ғам гирифтор мешавад. Баҳсу мунозираи зану шавҳар то субҳ давом мекунад. Онҳо ҳаёти чандинсолаи худро тагурӯ мекунанд. Хуллас, адиб мехоҳад, ки бо тасвири саргузашти Ҳамдами шубон масъалаи ҳарому ҳалолро, ки мо – инсонҳо баъзан дониста фаромӯш мекунем, ба домани баҳс кашад.

Нависанда дар қиссаи мазкур нақл мекунад, ки вақти саҳар ягона фарзанди Ҳамдаму Баҳора Гуландоми хурдакак, ки дар хоби ноз буд, аз гурба тарсида ба гиря медарояд. Ҳамдами ба васваса афтода аз тарси он, ки ин фарзандашро ҳам аз даст надиҳад, шиками гурбаро бо шохаи нӯгтез шикофкунон мекушад ва ифтихормандона онро ба рӯйи ҳавлӣ мегузорад, гӯё ки он нишонаи ғалабаи ӯ бошад. Аммо дар асл матлаби нависандаи жарфбин бо ин роҳ мағлубият ва бадбахтии қаҳрамонро нишон додан аст. Ин як ҳолат ва воқеаи мудҳишест, ки дар ҳаёти инсонҳо ҳама вақт рух доданаш мумкин аст. Агарчанде ки Ҳамдамчӯпон аз кардаҳои худ пушаймон шуда бошад ҳам, аммо суде намекунад. Ӯ 100 сар гӯсфандро дар ҷойи дурдасте пинҳон нигоҳ медошту умед мекард, ки дар вақти зарурат барояш лозим мешаванд, яъне боз писардор мешаваду ба халқ тӯй медиҳад ва боқимондаи ҳаёташро осуда мегузаронад, аммо он моли дуздӣ ҳам насиб намекунад. Моли дуздро раҳзани дигаре мерабояду ӯ боз бенасиб мемонад. Метавон ба андеша рафт, ки ин қиссаро ҳар фарде агар хонад, аз кору кирдорҳои Ҳамдамчӯпон ба хулоса омада, барои тарбия намудани худ ҳаракат менамояд ва ба моли мардуму мулки давлат хиёнат накарда, роҳи ҳаққу ҳалоли зиндагиро пешаи худ месозад. Аммо муаммо ин аст, ки чӣ тавр ба Ҳамдамчӯпон барин инсонҳо китоб хонондан мумкин аст, ки дар замони имрӯза тоифаҳои китобхонҳои мо ҳам аз китобу рӯзномахонӣ рӯ гардонда истодаанд?!

Дар китоби «Дар орзуи рӯшноӣ»-и Шариф Халил аз рӯйи мундариҷа, баъд аз қиссаи номбаршуда, ҳикояҳо омадааст. Дар ин фасл ҳикояҳои «Маро як бор модар гӯй», «Қурбони мулӯҳ», «Мазори Нинӣ», «Ангеза» ва «Ҳарза» ҷой гирифтаанд. Ин ҳикояҳо низ бофтаҳои хаёлӣ набуда аз бардоштҳои нависанда, ки дар муддати чандин соли ҳаёташ дидаву шунидааст, офарида шудаанд. Ҳикояҳоро мехонеду ба заминаи ҳаётӣ доштани воқеаҳо амин мешавед. Ин ҳикояҳо низ бо табъу завқи баланд навишта шуда, хонандаро ба андешидану маъно чидан даъват мекунанд. Ҷараёни ҳикояҳо дар ниҳояти худ пурпечутобанд, зеро нависанда, бо баробари нақл кардани воқеаҳо, афкори файласуфонаи худро батамом дар он рехтааст, ки сарриштаи онҳоро ёфтан барои хонандаи одӣ каме душворӣ мекунад. Чунончи, таъкид шуд, лозим мешавад, ки ҳикояеро то нисф хониву барои муроду матлаби нависандаро дуруст пайдо кардан боз ба ақиб гардӣ. Ҳикояҳо бо забони софу рангини адабӣ навишта шуда дар баъзе ҷойҳо калимаҳои шевагии махсуси ҳамон маҳал низ истифода шудаанд. Ин усул ҳам хуб аст. Зеро хонанда бо забони ҳамон маҳал ошно мегардад. Устод Айнӣ ҳам аз ин усул истифода бурда, хуб таъкид карда буданд, ки вазифаи нависанда калимаҳои дурусти лаҳҷавиро аз забони халқ гирифта бояд ба забони адабӣ дохил кунад.

Маҳорати дигари нависанда аз ҳикояҳои мазкур дар он маълум мешавад, ки вай ҳар як ҳаракати хурди қаҳрамонҳояшро ҳам ба мисли як рассоми боистеъдод бодиққат тасвир кардааст. Ҳар як ҷумларо бо калимаву ибораҳои образнок ва бо воситаҳои тасвири зебову дилфиреби бадеӣ оро дода, ҳушу ёди хонандаро ҳамчун оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад.

Баъд аз ба поён расидани ҳикояҳо як қатор ҳикояҳои муъҷаз омадаанд. Ҳаҷми баъзе аз ин ҳикояҳо аз ду саҳифа, баъзе як саҳифа, баъзе ним саҳифа ва аҷиб, ки баъзе аз ду-се ҷумлаи кӯтоҳ иборатанд. Ҳикояҳо ҳарчанд хурданд, вале маъноҳои мубрами рӯз дар онҳо ифода ёфтаанд. Бале, фақат нависандаи қобилиятнок метавонад, ки дар ин гуна ҳикояҳои кӯтоҳ ҳадафашро дурусту бехато ба нишон гирад.

Дар китоб ҳамчунин лавҳа ва очеркҳо ҷой гирифтаанд. Дар ин фасл ба Истад Қосимзода (нависанда, мутарҷим ва рӯзноманигори ҳирфаӣ), Рӯзибой Қурбониён (омӯзгор, олими беунвон ва қаҳрамони бенишон), Нарзулло Худойқулов (духтур), Муҳаммадӣ Чоршанбиев (рассом), Норқул Ҷӯрақулов (фермер), Очил Йӯлдошев (омӯзгори эҷодкор, ҷоннисори маориф), Ҳошимҷон Шукуров (табиби соҳибкор ва ватандӯст), Анор Муҳаммадова (момои дарбандӣ ё духтари мактаб), Қурбонназар Ҳақназаров (осиёбони ҳафтум), Зариф Холов (ҳуқуқшинос), Раҳмонқул Расулов (устои моҳир), Хадича Назарова (ходими софдили почта), Барот Мергани Шаҳтутӣ (Наврӯзов) (деҳқон), ҳоҷӣ Холмирзо Муҳиддинов (омӯзгори асалпарвар), Саидалӣ Тошматов (соҳибкори худрӯй, устои мебелсоз) барин инсонҳои касбу корашон гуногун рӯ ба рӯ меоем.

Барои исботи фикр дар зер чанд иқтибос аз ин китоб овардан мувофиқи мақсад хоҳад буд.

ФАРЗАНД

Модари пираш офтоби сари кӯҳ ...

Вай дар Маскав...

Парастори пиракиест.

ЗИМИСТОНИ ГАРМ

Вақте ҷой наёфта ночор ба хонааш омадем, хунук буд... Нигоҳи ҳамшаҳрӣ!

– Рафтем, зимистон бошад ҳам, кӯча гармтар, – аз остинам кашид ҳамроҳи ман.

БАЪД АЗ ПАНҶОҲ СОЛ

Падаре дар назъи ҷон... ба фарзандон васият кард:

– Вақте мурдам, гирйиставу ба тоҷикӣ навҳа кунед.

Навҳагаре ёфт нашуд!

ПУШАЙМОНӢ

Мӯйи сарам нарезад гуфт ва...  нахонд.

Имрӯз...

Мӯйи ғулиашро як-як меканад.

РОҲ БА ДӮЗАХ

Худованд барои инсоният феҳрести «Гуноҳҳои кабира»-ро фиристод.

Дар сатри аввал ҳак шуда буд:

«Хиёнат ба шири Модар...!»

***

Хулоса, китоби «Дар орзуи рӯшноӣ» китобест, ки баробари моро бо ҳаёти иҷтимоӣ шинос кардан, диққатамонро ба нозукиҳои забону тасвирҳои ҷолиби бадеӣ низ мекашад.

Ҷамшед ҶУМЪАҚУЛОВ,

номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони ДД Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: