Президенти Ӯзбекистон Нахустин Президенти Қазоқистонро табрик кард

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 июл зимни суҳбати телефонӣ Нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоевро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ сиҳатмандии бардавом, некӯҳолӣ ва умри дароз орзу намуд.

Сарвари давлати мо саҳми бузурги Нурсултон Назарбоевро дар бунёди Қазоқистони муосир, пешбурди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни Ӯзбекистон ва Қазоқистон махсус таъкид кард.

Бо қаноатмандии амиқ суръати баланди кунунии ҳамкориҳои гуногунҷанбаи миёни Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ки бар пояи риштаҳои мустаҳками дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва дастгирии мутақобила бунёд ёфтаанд, зикр гардид.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: