Дар Ӯзбекистон тартиби супоридани санҷиши IQ барои самтҳои ҳуқуқшиносӣ муайян гардид

Бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон (№ 350 аз 30.06.2026) ба Низомнома дар бораи тартиби қабули донишҷӯён ба бакалавриати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки бо қарори Ҳукумат аз 13 сентябри соли 2025 № 578 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки тартиби гузаронидани санҷиши IQ-ро муайян мекунанд.

Мувофиқи он, санҷиши IQ ҳангоми қабул ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд аз рӯйи самтҳои таҳсилоти «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ» ва «Ҳуқуқи рақамӣ» гузаронида мешавад.
Муайян шудааст, ки барои довталабоне, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар баробари маҷмӯи фанҳои асосии имтиҳонӣ гузаштани санҷиши IQ-ро интихоб мекунанд, ин санҷиш ҳар сол то 10 июл аз ҷониби Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошканд дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо ташкилоти хориҷии шарик, ки санҷиши IQ-ро мегузаронад, ташкил карда мешавад.
Гузаронидани санҷиши IQ ва баҳогузории натиҷаҳо мувофиқи талаботи ташкилоти хориҷӣ амалӣ мегардад.
Танҳо ба довталабоне, ки санҷиши IQ-ро бомуваффақият мегузаранд, ҳангоми интихоби муассисаи таҳсилоти олӣ ва самти бакалавриат имконият дода мешавад, ки дар баробари дигар самтҳо, самтҳои «Ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ» ва «Ҳуқуқи рақамӣ»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкандро интихоб намоянд.
Барои маълумот: ҳангоми интихоби рақобатӣ ба ин самтҳо доштани сертификати миллӣ ё байналмилалии забони хориҷӣ дар сатҳи на камтар аз B2 ҳатмист.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: