Устод ва бародари тоҷикистонии мо Абдуҷаббор Муъминов ҳар дафъаи ба Тошканд омаданаш китоб ва рӯзномаву маҷаллаҳои тозанашр армуғон меоварад.
Раҳоварди пурарзиш! Ин дафъа дар «кӯлбор»-и ӯ «Тожикистон ҳикоялари» ном китоб низ ҷой дошт, ки маҳсули нашриёти «Янги аср авлоди»-ст (Тошканд). Ҳикоёти адибони тоҷикро ба ӯзбекӣ баргардондааст.
Мегӯянд дар қайдҳои дафтарчаи меҳнатиаш калимаи «китоб» чанд бор такрор шуда: ходими Раёсати савдои китоби «Тоҷиккитоб», директори шабакаҳои китоби «Тоҷиккитоб», мудири шуъбаи тақсимоти китоби Тоҷикистон, сардори Раёсати савдои китоби шаҳри Душанбе, муовини аввали сардори Раёсати савдои китоби Тоҷикистон.
Ба идораҳои гуногуни китоб, ки ӯ кор мекард, шоиру нависандагон, аз ҷумла кормандони рӯзномаи «Совет Тожикистони» бисёр ташриф меоварданд. Бо эҷодкорон Маҳмудҷон Остонов, Маҳмуд Тӯлқин, Ӯлмас Ҷамол, Қосим Мамаҷон, Ҷамолиддин Тошматов, Шодӣ Саттор, Ҷамшед Примов, Зайниддин Дӯстматов ва дигарон дӯстиамон ҳамин тавр оғоз ёфта буд, ба хотир меоварад вай. Баъдтар худи ӯ ба олами эҷод пайваст. Бо мурури солҳо пайвандиаш ба адабиёт мустаҳкамӣ касб намуд. Дар солҳои аввал хабар ва лавҳаҳои хурд менавишт. Баъдтар ба иншои мақолаҳои публитсистӣ гузашт.
Майли ӯ ба тарҷумонӣ чӣ тавр оғоз ёфт?
Боре аз идораи «Совет Тожикистони» Маҳмудҷон Остонов занг зад ва гуфт Абдуҷаббор, шумо дар байни китобҳоед, ба наздикӣ дар Тоҷикистон Ҳафтавори адабиёти арман баргузор мегардад, хуб мешуд аз чанде адибони арман ҳикояҳо тарҷума кунед, то он рӯзҳо эълон намоем.
Абдуҷабборака «ӯҳда мекарда бошам?», даҳон кушод бо андак хиҷолат. «Метавонед!» – шунида шуд аз он тарафи сим.
М. Остонов ба ӯ қувваю илҳом бахшид. Дар арафаи Даҳа тарҷимаҳо ба чоп омода шуданд.
Робитаи мавсуф ба идораи рӯзномае, ки зикр гашт, торафт мустаҳкам мешуд.
Моҳи январи соли 1971 ба вай супориш доданд бегоҳӣ ба панорамаи ба номи Ҷомӣ (яке аз калонтарин кинотеатрҳо дар Душанбе) рафта, дар консерти Ҳофизи мардумии Ӯзбекистон Фахриддин Умаров иштирок ва то пагоҳ дар ин бора мақола омода намояд. Рафт, ба хонаи паси саҳна ворид гашт. Ба Умаров шинос намуданд. Бо супориши вай ба Муъминов аз қатори пеши толор ҷо ҷудо карданд. Консерт хеле мароқнок сурат гирифт. Баъди консерт худи ҳамон шаб барои шумораи фардо мавод омода сохт.
– Бо овозхонҳои шинохта Олмахон Ҳайитова, Қувондиқ Искандаров, Комилҷон Баротов, Тоҷиддин Муродов вохӯрда лавҳа ва мақолаҳо чоп кунонданам ҳанӯз дар лавҳаи хотирам нақш бастааст, – мегӯяд Абдуҷаббор.
Солҳое, ки чун муовини якуми Раёсати савдои китоби ҷумҳурӣ адои вазифа дошт, дар масъалаи чопи китобҳои ходимони эҷодии «Совет Тожикистони» низ Муъминов то ҳадди имкон дасти ёрӣ дароз мекард. Масалан, таҳти дастгирии ӯ «Эҳсос» ном маҷмӯаи шеърҳои Ӯлмас Ҷамол бо 10 ҳазор нусха аз чоп баромад. Адади калон, дар навбати аввал, муаллифро мутаҳаййир сохт. Вай ноҳинҷор ба ҳузураш даромад ва гуфт сахт хиҷолатам, охир, тиражи ғайричашмдошт, адибони дигар чӣ мегӯянд?
Абдуҷабборака ӯро ором сохт, гуфт бовар ҳаст ҳамааш ба фурӯш равад, нақша дорем ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя низ бифиристем.
Китобҳои дигар адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон – Ҳоҷӣ Содиқ, Маҳмуд Тӯлқин, Ҷамолиддин Тошматов, Шодӣ Саттор, Ҷамшед Примов низ он солҳо пайи ҳам ба дасти хонандагон расиданд.
Соли 1998 Рӯзҳои маданияти Тоҷикистон дар Ӯзбекистон баргузор гашт. Ӯлмас Ҷамол, Ҷамолиддин Тошматов ва Абдуҷаббор Муъминов ҳамчун намояндаи рӯзномаи «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») иштирок намуданд. Аз чорабиниҳои фарҳангӣ дар Тошканд, ки хотирмон сурат гирифтанд, онҳо як ҷаҳон таассурот бардоштанд. Кадоме хабар дод собиқ ходими «Халқ овози» Шералӣ Сокин бистарӣ аст. Ҳарсе ба манзили дӯсти ҳамқаламашон, ки дар мавзеи Чилонзор мезист, ба аёдат рафтанд. Бемор дар ҷои дарозкашидааш бародарони тоҷикистониашро як-як ба бар кашид. Вай дар ҳолати ҳаяҷон оби дидаашро нигоҳ дошта наметавонист.
Дӯстони ҳамқаламаш мегӯянд, Абдуҷаббор Муъминов инсони хеле баоқибат аст. Вақте ба Тошканд омад, ҳатман ҳамдиёр ва ҳамзабонҳояшро, ки дар Тошканд ба сар мебаранд, ҳамчунин соҳибқаламҳои ӯзбекистониеро, ки замонҳое дар Душанбе кору эҷод карда, ба ватан баргаштаанд, хабар мегирад. Чанд даҳсола пештар низ, ӯ, ки омад, дар ягон манзил ёрон ҷамъ мешуданд. Зайниддин Дӯстматов, Солеҳ Қаҳҳоров, Аскар Маҳкам, Шойим Бӯтаев ва дигаронро давлати дидор фараҳмандӣ мебахшид. Афсӯс, баъзе аз ин нафарон ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд.
Хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аз давлат ва бахти оилавӣ низ бархурдор. Соли 1971 ӯву Туҳфахон Отамуродова, ки дар Институти тиббӣ мехонд, оила барпо карданд. Худо чаҳор фарзанд дод. Духтарону писарон – Шоира, Зулфия, Шуҳрат ва Шарифҷон соҳиби маълумоти олӣ. Ҳар яке имрӯз дар ҷамъият мавқеи худ дарёфтаанд.
Абдуҷаббор мутарҷими хушсалиқа аст. Романи Ҷалол Икромӣ ва Ҳабибулло Назаров «Саргузаштҳои Сафармахсум», қиссаи Ҷалол Икромӣ «Аз Маскав чӣ овардӣ?», повестҳои Юсуф Акобиров «Қиссаҳои ҷавонии ман», қиссаи Сорбон «Ҷӯгӣ», қиссаи Б. Маҳмадов «Умре чун чароғак»-ро ба ӯзбекӣ тарҷума кардааст. «Антологияи насри замонавии ӯзбек» таҳти тарҷумаи ӯ аз тариқи нашриёти «Адабиёт» (Ӯзбекистон) рӯйи нашр дид.
Хидматҳои шоёни Аълочии матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ Абдуҷаббор Муъминов дар равнақи ҳаёти фарҳангӣ бо ордени «Шараф» (Тоҷикистон), медали тиллоии Бунёди сулҳи ҷаҳон ва «Ифтихорнома»-и Иттиҳодияи савдои китоби Тоҷикистон тақдир шудааст.
Мо ба корҳои китобдориву мутарҷимии узви иттифоқҳои нависандагони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Абдуҷаббор Муъминов, ки бо вуҷуди калонсолӣ аснои сафари Душанбе – Тошканд «фурӯғи субҳи доноӣ» армуғон оварда (китоббардорӣ осон нест!), дилу дидаамонро равшан месозад ва дар тарғиби адабиёти тоҷик дар Ӯзбекистон саҳми муносиб мегузорад, муваффақият металабем.
Муҳаммадҷон ШОДӢ,
шаҳри Тошканд.