Оҳуҳо бори аввал дар мамнуъгоҳи «Сурхон» мушоҳида шуданд

Онҳо ба шарофати муҳити мусоиди табиии мамнуъгоҳ ба таври табиӣ аз қаламрави Туркманистон ба ин минтақа кӯч бастаанд.

Дар ҳудуди мамнуъгоҳи давлатии «Сурхон», воқеъ дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё, бори аввал ғизолҳо тавассути камераҳои худкор (фотодомҳо) сабт гардиданд.
Ба гуфтаи мутахассисон, аз замони таъсиси мамнуъгоҳ дар соли 1986 ин аввалин ҳолатест, ки ин ҳайвонҳои нодир дар ҳудуди он мушоҳида мешаванд. Тибқи маълумот, бо сабаби фароҳам будани муҳити мусоиди табиӣ дар мамнуъгоҳ, 10 сар оҳу ба таври табиӣ аз қаламрави Туркманистон ба ин ҷо муҳоҷират кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки оҳу ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва инчунин ба Рӯйхати Сурхи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат (IUCN) ҳамчун яке аз намудҳои нодири ниёзманд ба муҳофизат шомил гардидааст.
Мамнуъгоҳи давлатии «Сурхон», ки 8 сентябри соли 1986 таъсис ёфтааст, имрӯз макони зисти қариб 200 намуди ҳайвонот мебошад. Аз ин шумора, наздики 30 намуд ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид шудаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: