Қиссаи «Девори сиёҳ»

Дар яке аз ҳуҷраҳои беморхона се бемори фалаҷ бистарӣ буданд. Яке аз онҳо, ки пештар аз дигарон ба беморхона омада буд, дар назди тиреза мехобид. Бемори дуюм дар миёнаи ҳуҷра ва сеюмӣ назди дар ҷой гирифта буданд.

Беморе, ки дар назди тиреза мехобид, аз дигарон бо рӯҳияи болида ва суханони гармаш фарқ мекард. Ӯ, сарфи назар аз бемории вазнинаш, ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода намешуд ва ҳамеша мекӯшид бо суханони нек ба дигар беморон умеду неру бахшад.
Як рӯзи сарди зимистон беморе, ки назди тиреза мехобид, аз олам гузашт. Пас аз бурдани ҷасади ӯ, бемори дар миёнаи ҳуҷра ба ҷойи ӯ гузашт ва беморе, ки назди дар буд, ба миёнаи ҳуҷра кӯчонда шуд. Ба ҷойи холӣ бошад, бемори навро ҷой доданд.
Бемори наве, ки акнун назди тиреза мехобид, ҳар рӯз манзараҳои беруни тирезаро барои ҳамҳуҷраҳояш бо шавқу завқ нақл мекард. Ӯ аз боғи сарсабз, чанорҳои қоматбаланд, паррандагони хушхон, одамоне, ки саҳар ба кор мерафтанд, кӯдаконе, ки дар боғ шоду хуррам бозӣ мекарданд ва аз доманакӯҳҳои пур аз гулу гиёҳ қисса менамуд. Бо ин ҳикояҳои зебояш ба дарди дили ҳамҳуҷраҳояш малҳам мегузошт ва онҳоро аз ғаму андӯҳ дур месохт.
Бо гузашти вақт ҳатто ба одамоне, ки ҳар рӯз аз кӯча мегузаштанд, ном гузошт. Ҳамҳуҷраҳояш бо шавқ ба нақлҳои ӯ гӯш медоданд ва қаҳрамонони он қиссаҳоро дар хаёли худ тасаввур мекарданд. Ҳамин тавр, фазои сангину хомӯши ҳуҷра тадриҷан ҷойи худро ба лаҳзаҳои пур аз умеду табассум дод.
Аммо рӯзе дар дили беморе, ки дар миёнаи ҳуҷра мехобид, андешаи нопоке пайдо шуд: агар бемори назди тиреза аз дунё гузарад, ӯ ба ҷойи вай гузашта, ҳамаи он манзараҳои зеборо бо чашмони худ хоҳад дид.
Ин фикр оромаш намегузошт ва тадриҷан ба васваса табдил ёфт.
Баъзан бемори назди тиреза аз дарди дил азоб мекашид ва барои наҷоти худ доруеро, ки болои сараш буд, истифода мебурд.
Шоме боз дилаш хуруҷ кард. Ӯ бо азоб даст ба сӯи дору дароз намуд. Аммо ҳамҳуҷрааш, ки орзуи ҷойи ӯро дошт, бо вуҷуди душворӣ, қуттии доруро ба замин афканд. Зарф шикаст ва доруҳо пароканда шуданд...
Субҳи рӯзи дигар маълум шуд, ки бемори назди тиреза шабона аз олам гузаштааст.
Пас аз он бемори миёна ба ҷойи ӯ гузаронда шуд. Ӯ шоду масрур буд, ки акнун орзуяш амалӣ мешавад. Бо шавқи зиёд ба тарафи тиреза нигарист...
Аммо аз дидани манзара шах шуда монд.
Берун аз тиреза на боғе буду на кӯдаконе, на чанорҳои сарбафалаккашида ва на водии пур аз гул.
Ҳамагӣ чанд қадам дуртар аз тиреза танҳо як девори баланди сиёҳ қарор дошт...

---
Баъзан инсон бо меҳрубонӣ ва сухани нек метавонад ба дигарон умед бахшад, ҳатто агар худ дар сахттарин ҳолат бошад. Аммо ҳасад, тамаъ ва худхоҳӣ на танҳо инсонро аз ҳақиқат дур месозанд, балки виҷдони ӯро низ ба «девори сиёҳ»-е табдил медиҳанд, ки аз ҳар девори сангин ториктар аст.

Таҳияи Ҳ. Содиқов

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: