Мавсими дуюми лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» барои соли 2026 аз 15 июл оғоз мешавад. Шаҳрвандон метавонанд то 3 август лоиҳаҳои худро, ки ба ҳалли мушкилоти маҳалла ва минтақаи зисташон нигаронида шудаанд, пешниҳод намоянд.
Ин мавсим ёздаҳумин марҳилаи татбиқи лоиҳаи «Буҷаи ташаббускор» аз замони роҳандозии он ба ҳисоб меравад.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда, қабули лоиҳаҳо аз 15 июл то 3 август идома меёбад. Аз 4 то 18 август пешниҳодҳо аз ҷониби комиссияи дахлдор баррасӣ ва интихоб мешаванд.
Марҳилаи пешбурди ташаббусҳо аз 19 то 21 август баргузор гардида, овоздиҳии умумӣ барои лоиҳаҳо аз 22 то 31 август сурат мегирад.
Натиҷаҳои овоздиҳӣ ва лоиҳаҳои ғолиб 1 сентябр — дар рӯзи таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти Ӯзбекистон — эълон хоҳанд шуд. Ҳамчунин, аз 1 то 10 сентябр даври иловагии муайян кардани ғолибон баргузор мегардад.
Мақомоти масъул аз шаҳрвандон даъват мекунанд, ки дар ин раванд фаъолона иштирок намуда, бо пешниҳоди ташаббусҳои созанда дар ободонӣ ва беҳтар гардидани шароити зиндагӣ дар маҳаллаҳои худ саҳм гузоранд.