Зонди кайҳонии «Тяньвэн-2»-и Чин ба астероиди 2016 HO3 расида, дар доираи нахустин барномаи миллии ҷамъоварӣ ва интиқоли намунаҳои астероид ба Замин, таҳқиқоти муфассали илмии онро оғоз кард.
Бино ба иттилои Оҷонсии миллии кайҳонии Чин (CNSA), зонд пас аз сафари қариб 400-рӯза, ки дар ҷараёни он тақрибан як миллиард километр роҳро тай намуд, то масофаи 20 километр ба астероид наздик шуда, корҳои илмиро оғоз кардааст.
Барномаи «Тяньвэн-2» 29 майи соли 2025 ба кайҳон партоб шуда, нахустин экспедитсияи Чин барои ҷамъоварии намунаҳо аз астероид ба шумор меравад. Тибқи нақша, дар тӯли 10 сол дастгоҳ бояд аз астероиди наздизаминии 2016 HO3 намуна ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ба Замин интиқол диҳад. Пас аз он зонд сафарашро ба сӯи кометаи 311P, ки дар камарбанди асосии астероидҳо берун аз мадори Миррих ҷойгир аст, идома медиҳад.

Дар ҷараёни наздикшавӣ, зонд аввалин аксҳои астероидро ба даст овард. Олимон бо истифода аз маълумоти навигатсионии оптикӣ мавқеи дақиқи астероидро муайян карданд. Ба гуфтаи CNSA, агар қаблан хатои муайянкунии ҷойгиршавии он садҳо километрро ташкил медод, акнун ин нишондиҳанда то чанд километр коҳиш ёфтааст.
Дар давоми парвоз дастгоҳ як қатор ислоҳоти мадор ва манёврҳои кайҳониро анҷом дод. Бори аввал астероид 6 июни соли 2026 аз ҷониби зонд мушоҳида шуд. Як рӯз баъд дастгоҳ ба мадори ҳамсатҳ дар масофаи тақрибан 30 ҳазор километр аз объект ворид гардид ва 19 июн ин масофаро то 2 ҳазор километр кам кард.
Марҳилаи навбатии рисолат ба омӯзиши амиқтари астероид бахшида мешавад. Мутахассисон шакл, таркиби сатҳ, сохтори дохилӣ ва дигар хусусиятҳои онро таҳқиқ хоҳанд кард. Маълумоти ҷамъоваришуда барои омодагӣ ба яке аз вазифаҳои асосии экспедитсия — ҷамъоварии бехатари намунаҳо ва интиқоли онҳо ба Замин — аҳамияти калон хоҳад дошт.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Чин гурӯҳи нави моҳвораҳои интернетиро низ ба кайҳон партоб кард.