Тошканд – мизбони нахустин Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ

7 июл дар саросари олами ислом як таҳаввулоти таърихӣ ба вуқӯъ пайваст. Он маълум кард, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба эҳё ва густариши мероси тамаддуни исломӣ ҳамеша таъкид мекунад.

Зимни фиристодани паёме ба иштирокчиёни аввалин конфронси байналмилалии исломӣ бо номи "Тамаддуни исломӣ: Роҳи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва маърифат", ки дар бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд баргузор гардид, Шавкат Мирзиёев ба эҳё, ҳифз, омӯзиш ва густариши мероси тамаддуни исломӣ таваҷҷӯҳи ҳамагаонро ҷалб намуд. Ин форум аз 7 то 11 июли соли ҷорӣ баргузор мешавад. Форуми мазкур яке аз бузургтарин платформаҳои байналмилалӣ унвон гирифт, ки аз нав дида баромадани мероси илмии тамаддуни исломӣ, ворид кардани он ба рӯзномаи рушди муосир ва ташаккули моделҳои нави ҳамкории байналмилалиро дар меҳвари баҳсу баррасиҳо қарор дод. Ин форум садҳо олимон, пешвоёни дин, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони ҳайатҳои ҳукуматиро гирдиҳам овард.

 Ин чорабинӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон, якҷоя бо Кумитаи корҳои дин, Марказҳои байналмилалии тадқиқотии Имом Бухорӣ, Имом Мотуридӣ ва Имом Термизӣ, Раёсати мусалмонони Ӯзбекистон, Академияи байналмилалии исломии Ӯзбекистон ва ICESCO ташкил карда шуд. Гуфта мешавад, он марҳилаи наверо мекушояд, ки сиёсати Ӯзбекистонро оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ бо муколамаи башардӯстонаи ҷаҳонӣ муттаҳид мекунад.

 Дар форум доктор Салим ал-Малик, директори генералии ICESCO, Муҳаммад ал-Исо, котиби генералии Лигаи ҷаҳонии мусалмонон, шоҳзода Ҳасан бин Талол аз Урдун, муфтӣ Равил Ғайнутдин, раиси Идораи рӯҳонии мусалмонони Федератсияи Русия, Кубаничбек Омуралиев, котиби генералии Созмони кишварҳои туркӣ, Султон Раев, котиби генералии TURKSOY, Маҳмуд Эрол Қилич, директори генералии IRSICA, шайхулислом Аллоҳшукур Пошозода, раиси Идораи мусалмонони Қафқоз, Шайх Саидмукаррам Абдуқодирзода, Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бисёр меҳмонони дигари баландпоя иштирок доранд.

  Дар маросими ифтитоҳи Форум ёвари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Хайриддин Султонов, ба иштирокчиёни форум паёми Президент Шавкат Мирзиёевро қироат кард. Дар паём қайд карда шуд, ки барқарорсозӣ ва ҳифзи мероси тамаддуни исломӣ, дастгирии таҳқиқоти бунёдӣ, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии башардӯстона яке аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати давлатӣ гардидааст.

 Дар паём инчунин ба тақвияти муколама байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо, ҳифзи мероси мутафаккирони бузург барои наслҳои оянда ва муаррифии объективии моҳияти инсондӯстонаи ислом ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таъкид гардидааст. Ин ҳадафҳо ҳамчун самтҳои муҳимтарини рушди Ӯзбекистони Нав муайян карда шудаанд.

 Ба гуфтаи нозирони байналмилалӣ, ниёз ба чунин платформаҳо махсусан дар солҳои охир дар шароити шиддат гирифтани баҳсҳо дар бораи таҳаммулнопазирии динӣ, экстремизм ва исломофобия афзоиш ёфтааст. Музаффар Комилов, мудири шӯъбаи корҳои дин ва маорифи Дастгоҳи Президент, форумро натиҷаи амалии ислоҳоти бузурги маориф тавсиф кард, ки маҳз дар Ӯзбекистони Нав амалӣ мешаванд.

 -Барои ман шарафи бузургест, ки шуморо ба сарзамини қадима ва меҳмоннавози Ӯзбекистон — зодгоҳи Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Имом Мотуридӣ, Бурҳониддин Марғинонӣ, Мирзо Улуғбек, Ибни Сино ва дигар олимони бузурге, ки дар рушди илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бебаҳо гузоштаанд, истиқбол мекунам. Хусусан рамзӣ аст, ки мо дар Маркази боҳашамати тамаддуни исломӣ, ки бо ташаббуси шахсӣ ва таҳти роҳбарии Президенти Ӯзбекистони нав, Шавкат Мирзиёев, таъсис ёфтааст, ҷамъ омадаем,-гуфт Музаффар Комилов.

 Вай афзуд, ки Ӯзбекистон корҳои васеъеро барои омӯзиш, ҳифз ва таблиғи васеи мероси ғании илмӣ ва маънавии тамаддуни исломӣ анҷом медиҳад.

 Дар форум директори генералии ICESCO Салим ал-Малик суханронӣ намуд. Ба таъкиди ӯ ислоҳоти башардӯстонае, ки дар солҳои охир дар Ӯзбекистон амалӣ шудаанд, қобили эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштаанд.

 -Сиёсати давлатӣ, ки ба ҳифзи мероси таърихӣ, рушди таҳқиқоти илмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст, барои Ӯзбекистон ва тамоми тамаддуни исломӣ аҳамияти бузург дорад. Ман бори дигар аз ин кишвари муборак, ки саҳми арзанда дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ мегузорад, самимона миннатдорӣ баён мекунам. Имрӯз дастовардҳои Ӯзбекистон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, адолати иҷтимоӣ, рушди иқтисодӣ ва сиёсати хориҷӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифтаанд. Ин як рӯйдоди шодмонӣ барои худи тамаддун ва манбаи ифтихори хос барои тамоми ҷаҳони ислом аст,- гуфт Салим ал-Малик.

 Дар маросими ифтитоҳ паёми табрикотии Раҷаб Таййиб Эрдуғон низ ба иштирокчиёни форум қироат карда шуд. Дар паём омадааст, ки форум ҳамчун як ташаббуси муҳиме барои таблиғи сулҳ, муколама ва эътимоди мутақобила дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ нақш мебозад ва дар шароити афзоиши исломофобия, таблиғи моҳияти воқеии инсондӯстонаи ислом дар саҳнаи байналмилалӣ масъулияти муштараки таърихиро бар ӯҳда дорад.

 Дар идома иштирокчиёни форум саҳми тамаддуни Мовароуннаҳрро дар рушди башарият махсусан қайд карданд ва зарурати таблиғи минбаъдаи Самарқанд, Бухоро, Тирмиз ва Хиваро ҳамчун марказҳои эътирофшудаи илм ва фарҳанг дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид намуданд. Ба ақидаи коршиносони байналмилалӣ сиёсати Ӯзбекистон дар самти рақамикунонии мероси дастнависҳо, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ хеле муносиб мебошад

 Дарвоқеъ, аввалин Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ таҳти унвони "Роҳи сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва маърифат" ба як платформаи стратегӣ барои рушди ҳамкории илмӣ, дипломатияи фарҳангӣ, илм ва маориф табдил меёбад. Гуфта мешавад, муколамае, ки дар Тошканд оғоз ёфт, ҳадафи ҳамгироии мероси ғании илмӣ ва маънавии Ӯзбекистон ба фазои академии ҷаҳонӣ, густариши ҳамкории байни тамаддунҳо ва таблиғи арзишҳои тамаддуни исломӣ, ки бар асоси инсонпарварӣ, дониш ва таҳаммулпазирӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ асос ёфтаанд, унвон хоҳад гирифт.

 Бино ба гуфтаҳои иштирокчиён ташаббусҳое, ки дар рӯзи аввали форум пешниҳод шуданд, нақши афзояндаи Ӯзбекистонро дар дипломатияи башардӯстона тасдиқ карданд ва мақоми кишварро ҳамчун маркази калидии ҳамкории байналмилалии зеҳнӣ дар Осиёи Марказӣ тақвият хоҳанд дод.

 Ин форум ҳамчун марҳилаи муҳим дар омодагӣ ба муаррифиҳои махсус бахшида ба тамаддуни исломӣ ва мероси аҷдодони бузург арзёбӣ мешавад. Интизор меравад, ки ин чорабиниҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон соли равон дар қароргоҳи СММ дар Ню Йорк ва Женева ва дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж баргузор мешаванд.

Ин форум то 11 июл идома хоҳад ёфт. Чор конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси олимони барҷастаи ҷаҳони ислом дар Самарқанд ва Тирмиз баргузор мешаванд.

 Дар рӯзи аввал чорабинии мазкур дар чанд иҷлосияи алоҳида низ ба вуқӯъ пайваст. Форум танҳо бо андешаронӣ дар бораи гузашта маҳдуд намешавад. Он ба оянда нигаронида шудааст. Ғояҳои муҳокимашуда, қарорҳои қабулшаванда, созишномаҳои имзошуда ва таҳқиқоти муштараки илмӣ барои ҳифзи мероси ғании маънавии тамаддуни исломӣ, интиқоли он ба наслҳои нав ва тақвияти эътимод ва ҳамкорӣ байни халқҳо ва тамаддунҳо хизмат хоҳанд кард. Аз ин ҷиҳат, аввалин Форуми байналмилалии тамаддуни исломӣ, ки дар Тошканд, Самарқанд ва Тирмиз баргузор мешавад, бешубҳа яке аз муҳимтарин чорабиниҳо хоҳанд буд, ки дар ҳаёти илмӣ ва таълимии Ӯзбекистон, ҷаҳони мусалмонон ва ҷомеаи байналмилалии академӣ боби наверо боз мекунанд.

Дарвоқеъ, дар тӯли панҷ рӯз Тошканд, Самарқанд ва Тирмиз ба марказҳои ҷаҳонии илм ва маориф табдил хоҳанд ёфт.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори

“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: