Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини вилоят ба муносибати 85 солагии фарзанди фарзонаи Самарқанд, Журналисти хидматнишондодаи Ӯзбекистон, собиқ корманди «Овози тоҷик» Муайяна Хоҷаева анҷумани фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст.
Ҳамкасбону шогирдон, ёру дӯстон, хешу пайвандони соҳибҷашн дар он ширкат варзиданд.
– Барои ман бахти бузург аст, аз номи тамоми журналистони кишвар муҳтарам Муайяна Нӯъмоновнаро бо зодрӯз самимона табрик гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намоям. Воқеан, чанд моҳ пеш бо соҳибҷашн суҳбати дилнишину гуворо доштам, – гуфт раиси Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Шӯҳрат Орифов.
– Мо бо Муайяна Хоҷаева на танҳо хешу табор, инчунин ҳамгузар будем, –риштаи суханро ба даст гирифт набераи маърифатпарвар Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ Шоҳруххон Шавкатович, – бо донишу заковат, андешаҳои таконбахшу малакаи баланди суханварӣ, қалами бурро дар ҷомеа, хосатан матбуот маҳбубият пайдо карда, соҳиби эҳтиром ҳастанд. Бар замми тарбияи фарзандону наберагон дар рӯҳияи худшиносӣ, миллатдӯстӣ як силсила шогирдонро низ аз сиру асрори касби журналистика огоҳ сохтаанд.
– Яке аз онҳо ман мебошам, – риштаи суханро ба даст гирифт журналист Шоҳқаҳҳор Салимов, – дар омади гап бояд таъкид намоям, ки дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик» анъанаҳои «Устоду шогирд» арзи вуҷуд дошт ва ин иқдоми нек идома дорад.
– Боиси хушнудӣ ва ифтихор аст, ки камина ҳамчун вакили рӯзномаи «Овози тоҷик» барои муборакбодӣ аз Тошканд ба Самарқанд омадам, – гуфт ҷонишини рӯзномаи мазкур Тоҷибой Икромов, – ман устоди арҷмандро беш аз 40 сол боз мешиносам ва эҳтиром мекунам.
– Мо бо соҳибҷашн на танҳо ҳамшаҳр, балки замоне ҳамдабистон будем, – иброз дошт доктори илмҳои педагогӣ, профессор, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд Юсуф Абдулло, – дар як мактаб таҳсил гирифта, баъд дар Донишкадаи давлатии шарқшиносии Академияи улуми Ӯзбекистон корманди илмӣ будем. Сипас тақдир маро ба Маскав, ӯро ба ҷазираи Озодӣ – Куба бурд. Баъди бозгашт ба Тошканд Муайяна Нӯъмоновна дар идораи рӯзномаи «Овози тоҷик», камина Вазорати таълими халқ адои вазифа карда, имрӯз ҳар ду дар Самарқанд мебошем.
Инчунин муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд» Баҳодур Раҳмонов, раиси Маркази тоҷикон ва тоҷикзабонони вилоят Шӯҳрат Самадов, директори китобхонаи ба номи Пушкин Наргис Саидмуродова, кормандони телевизиони Самарқанд ва ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов низ ба минбар баромада, соҳибҷашнро муборакбодӣ намуданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Аксбардор: Шаҳзод Кенҷа.