Ӯро наршахинафас низ меномиданд

Китобҳое, ки моро бо аслиятамон аз наздик шинос мекунанд, хонандагони доимии худро доранд. Ба рӯйихати чунин китобҳо китоби таърихшинос Нарзулло Йӯлдошев «Таърихи авлиёи Бухоро»-ро метавон дохил намуд, ки дар натиҷаи ҷустуҷӯйи ҷандинсолаи муаллиф рӯйи чопро дидааст. Ман то андозае китобҳоро оиди таърихи Бухоро мутолиа кардаам, аммо чун китоби домулло Н. Йӯлдошев асареро надидаам.

Тафовути китоби «Таърихи авлиёи Бухоро» аз асарҳои дигари таърихӣ дар он аст, ки муаллиф дар китоб оиди давраи тоисломии диёрамон, даврони тасаллуту паҳншавии дини ислом маълумоти зиёдеро пешкаши хонандагон намудааст. Аз ҷумла,  оиди  авлиё, қадамҷоҳои муқаддасе, ки номи занонаро соҳибанд, навишта шудааст, ки «... чунин ҷойҳо мисли Бибизубайда, Бибикабӯтпӯш, Бибишоистаипок, Чилдухтарон ва ғайра ба таърихи тоисломии Бухоро вобаста аст. Дар дини мубинамон ҳатто зану шавҳар ҳамдигарро бо номи фарзанди аввал, дар баъзе маҳалҳо бо номи додаришӯй зикр мекунанд, аз ин ҷиҳат номи қадамҷоҳои муқаддасе, ки бо номи занон номбар мешаванд, ба таърихи тоисломии диёрамон дахлдоранд».

...Бинобар ривояте мардони деҳаи Корвонбош бо амри Вардонхудот ба ҳашари ҷӯйи Шоҳпурканд мераванд. Роҳзанҳои саҳроӣ аз ин огоҳ гашта, шабонгаҳ ба деҳа ҳуҷум мекунанд. Духтарони деҳ либоси ҷанговаронаи падару бародаронашонро ба бар карда, барои ҳифзи деҳ ба по мехезанд ва роҳзанҳоро мағлуб мекунанд. Ҳангоми ҷанг тасодуфан телпаки духтаре аз сараш меафтад ва чил кокули сиёҳаш парешон мешавад. Яке аз роҳзанҳо, ки инро дида мемонад, ба ҳамраҳон мерасонад, ки рақиби онҳо ҳама духтарон буданд... Рӯзи дигар роҳзанон бо қувваи иловагӣ азнав ҳуҷум карда, ҳамаи духтарони муҳофизро мағлуб  месозанд.

Ин ривоят дар давоми асрҳо аз даҳон ба даҳон гузашта,  маҳз бо хидмати Нарзулло Йӯлдошев аз саҳифаҳои таърихи Бухоро ҷой гирифтааст.

Хидматҳои  Н. Йӯлдошев дар эҳёи шахсони таърихӣ, авлиё ва зиёратгоҳҳои Бухорои куҳан беназир мебошад, ки аз ин ҷиҳат ба ӯ унвони наршахинафасро низ нисбат додаанд.   Мавсуф  барои омӯхтани фаъолияти Хоҷа Аҳрори Валӣ умри зиёди худро сарф намудааст, ки дар натиҷаи чунин таҳқиқот соҳиби дараҷаи доктори илмҳои таърих гардидааст.

Нарзулло Йӯлдошев 10 сентябри соли 1926 дар маҳаллаи  Косагарони шаҳри Бухоро дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар факултаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Бухоро (ҳоло Донишгоҳи давлатии Бухоро) таҳсили илм намуда, онро бомуваффақият хатм менамояд ва  пас аз фаъолияти муаллимӣ дар  яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Галаосиё, ба донишкадаи мазкур бармегардад.

 

Соли 1956 Н. Йӯлдошевро ба ҳайси мудири шуъбаи таърихи осорхонаи кишваршиносии Бухоро интихоб менамоянд.

Ӯ ин вазифаро то соли 1960  иҷро намуда, дар давоми фаъолияташ аз шаҳру деҳоти вилоят ба  миқдори зиёд ашёи фарҳангии моддиро ҷамъ оварда, дар ғанӣ гардидани экспонатҳои осорхона  саҳми назаррас мегузорад.

Нарзулло Йӯлдошев соли 1960 дар Донишкадаи таърихи АИ Ӯзбекистон ҳамчун пажӯҳишгар фаъолияти илмии худро оғоз менамояд. Ӯ дар корҳои таҳқиқотии бостоншиносие, ки дар воҳаи Бухоро бо ҳамкории Донишкадаи таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Ӯзбекистон ва Осорхонаи Бухоро ташкил карда буд, фаъолона иштирок кардааст. Ӯ фаъолияти 114 нафар авлиё ва зиёратгоҳҳои қадимаи Бухороро омӯхта, макон, таърих ва эътиқодҳои мардумии марбут ба онҳоро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардааст.

Дар натиҷаи чунин корҳои  таҳқиқотӣ беш аз 300 мақолаи илмӣ  ба монанди «Парастиши зиёратгоҳ ва авлиёҳо дар ислом», «Таърихи мавзеъҳои муқаддас», «Машоих ва авлиёҳои асрҳои IX-XIV Бухоро», «Баҳоуддин Нақшбанд»,  «Ҳоҷатбарор имом Ҳафси Кабири Бухорӣ», «Бобҳои мухтасари асари  таърихи қадим..», «Тавсифи шаҳри Бухоро, ном ва таърихи дарвозаҳо», «Мавлоно Шамсиддин Маҳбубии Бухорӣ», «Таърихи шаҳри Бухоро ва атрофи он», «Ҳаёт ва фаъолияти Баҳоуддин Нақшбанд» нашр шудаанд.

Олим як қатор китобҳоеро, ки ба забонҳои арабию форсӣ-тоҷикӣ оиди таърихи Бухоро офарида шудаанд, ба забони  давлатӣ тарҷума низ кардааст, аз ҷумла,    соли 1996 асари «Раҳбари наҷот»-и Абдурауфи  Фитрат ва соли 2003 асари «Кашкӯли Салимӣ»-и Мирзо Салимбекро аз забони форсӣ-тоҷикӣ ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст, ки ин асарҳо дар нашриёти «Бухоро» бо адади зиёд нашр шудаанд. Н. Йӯлдошев барои заҳмати чандинсола ва хизматҳои фидокоронааш ду маротиба бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқ», «Меҳнат фахрийси» ва медали «Шуҳрат» сарфароз гардонида шудааст.

Нарзулло Йӯлдошев соли 2005 вафот кард. Шахсиятҳои таърихӣ ва авлиёи барҷастае, ки олим  ба онҳо умри дубора бахшидааст, бешубҳа эҳсоси ватандӯстӣ ва миллатпарастиро дар наслҳои оянда бедор хоҳанд кард.

Алимурод Темиров,

вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: